Декабр 16, 2019 16:36 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Амрико алайҳи Эрон, мисдоқи боризи терроризми иқтисодӣ

"Таҳримҳои Амрико зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон, мисдоқи боризи ҷиноят алайҳи башарият ва терроризми иқтисодӣ аст".

Сайидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи шанбе дар нишасти хабарӣ дар Табрез(шимоли ғарби Эрон) бо баёни ин нукта, иддаои амрикоиҳо мабни бар таҳрим набудани дору ва ғизоро рад кард ва афзуд: Агар ширкате дар Эрон, иқдом ба таҳияи ақломи ғизоӣ ва доруӣ кунад, амалан бо мушкилоти нақлу интиқоли бонкӣ рӯбарӯ мешавад. Мусавӣ тасреҳ кард, таҳримҳои Амрико зидди Эрон, тамоми қавонини ҳуқуқи башар ва байналмилалро нақз кардааст.

Аз ҳамон ибтидо мушаххас буд, ки ҳадафи Амрико зери пӯшиши таҳримҳои иқтисодӣ, ташдиди фишорҳои ҳаддиаксарӣ бар шаҳрвандон барои водоштани Эрон ба пазируфтани зиёдахоҳиҳои Амрико аст.

Таҳрим истилоҳе аст, ки барои нишон додани иқдомоти иттихоз шуда алайҳи як кишвар тавассути Шӯрои амният мутобиқи модаи 41 эъмол мешавад. Бо ин ҳол таърифи пазируфта шудае аз "таҳрим" вуҷуд надорад ва ин истилоҳ баҳсбарангез аст ва ҳатто тавассути Комиссияи ҳуқуқи байналмилал "мубҳам" хонда шудааст. Ин комиссия хотирнишон мекунад, ки модаи 41 маншури СММ ба "иқдомот" ишора дорад на "таҳримҳо". Бар ин асос, таҳримҳои иқтисодӣ ба унвони иқдомоти мутақобил қобили тавҷеҳ нестанд ва нақзи ҳуқуқи байналмилал маҳсуб мешаванд. Танҳо замоне метавон ба таҳрим дар чорчуби иқдомоти СММ мутавассил шуд, ки кишвари ҳадаф як амали мутахаллифонаи байналмилалӣ муртакиб шавад. Ҳатто дар чунин сурате иқдоми мутақобил мебоист бар нақзи ҳамон ҳинҷоре, ки тавассути кишвари ҳадаф сурат гирифта мубтанӣ бошад.

Ризо Фараҳманд, мударриси донишгоҳ мегӯяд: Бо таваҷҷуҳ ба усули ҳуқуқи башарӣ, таҳримҳои Амрико сабаб шудааст, то шаҳрвандон аз дастёбӣ ба ҳуқуқи асосии худ бо мушкил мувоҷеҳ шаванд. Эҷоди мавонеъ бар сари роҳи иҳқоқи ҳаққи шаҳрвандони эронӣ нақзи фоҳиши усули асосии ҳуқуқи башар аст, ки ҷанбаҳои мухталифи зиндагии афроди ҷомеаро дарбар мегирад. Бад-ин сабаб метавон ҷиҳати иҳрози масъулияти давлати ноқизи усул ва қавоиди ҳуқуқи башар иқдом намуд.

Трамп дар якуми июни 2018 таҳдид кард: "Хоҳед дид, ки таҳримҳо чӣ қадр қавӣ аст, замоне, ки барои Эрон ба иҷро дармеояд".

Амрико акнун дар ҳоли такрор ва бозтавлиди иқдомоти ғайриқонунӣ аз тариқи терроризми иқтисодӣ аст. Иёлати Муттаҳида, бадтарин давлати террористӣ аст, ки миллионҳо инсони бегуноҳро дар Афғонистон, Ироқ, Ҷопон ва Ветнам ба коми марг фиристод. Аммо Амрико густохона Эронро ба эҷоди ноамнӣ дар минтақа ва ҳимоят аз терроризм муттаҳам кардааст. Иёлати муттаҳида ба баҳонаҳои сохтагӣ аз тавофуқи ҳастаӣ (БарҶом) хориҷ шуд ва бо нақзи қатъномаи Шӯрои амният, таҳримҳоро ба сурати якҷониба алайҳи Эрон барқарор кард ва доманаи таҳримҳоро густариш дод. Дар ҳоле, ки ҳамаи ин иқдомот бар хилофи қавонини байналмилалӣ ва Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ аст.

Идрис Ҷазоирӣ, коршиноси мустақили алҷазоирӣ, ки аз сӯи Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ба унвони гузоришгари вижа ин шӯро ҷиҳати баррасии таъсироти манфии таҳримҳои якҷонибаи Амрико бар ҳуқуқи башар фаъолият мекунад, тайи ёддоште дар пойгоҳи иттилоърасонии Шӯрои ҳуқуқи башари СММ тасреҳ мекунад:Сӯиистифодаи як абарқудрат аз бартарии худ дар арсаҳои молии байналмилалӣ барои эъмоли фишор бар муттаҳидони худ ба манзури эҷоди душвориҳои иқтисодӣ барои кишварҳои мустақил, хилофи қавонини байналмилалӣ буда ва ҳуқуқи шаҳрвандонро ба гунае иҷтинобнопазир нақз мекунад.

Козими Ғарибободӣ, сафир ва намояндаи доими Эрон назди СММ ва соири созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена, дар ҳамин хусус бо ирсоли номае ба мудирони кулли созмонҳои байналмилалӣ ва ҳамчунин сафирони мустақар дар Вена, хостори иқдоми ҷомеаи байналмилалӣ дар муқобила бо ин равия шудааст.

Эъмоли таҳримҳои ғайри қонунӣ ва якҷонибагароӣ иқдоме аст, ки қатъан ба зиёни манофеи ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин воқеиятҳост, ки кишварҳои узви маҷолиси Осиё-Уқёнусия низ дар нишасти рӯзи ҷумъаи худ дар Сеул, пешниҳоди Эрон дар хусуси манъи истифода аз абзори таҳрим дар мавзуоти башардӯстона ва зистмуҳитиро бо иҷмоъ ба тасвиб расонданд ва ин мусаввабаро дар баёнияи поёнии иҷлос, маврид таъкид қарор доданд.