Декабр 16, 2019 17:04 Asia/Dushanbe
  • Амният;меҳвари машваратҳо ва суханони Зариф дар нишасти Давҳа

Имрӯз бархе аз фаъолони минтақаӣ, нобаробариҳоро фурсате барои расидан ба султаи минтақаӣ мепиндоранд, ки муҳосираи Қатар тавассути Арабистон ва ҷанг дар Яман, намунае аз ин “иштибоҳоти муҳосиботии фоҷеаомез” дар минтақа аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Эрон, ки ба Қатар сафар кардааст рӯзи якшанбе дар нишасти "Гуфтугуҳои Давҳа" бо ишора ба ин мавзӯъ ба шарҳи дидгоҳи Эрон дар бораи амният дар халиҷи Форс пардохт ва дар ин замина ба нукоти муҳимме ишора кард. Зариф гуфт: "Нобаробарӣ дар қудрат дар миёни кишварҳои минтақа ба вуҷуди буҳрон мунҷар шудааст."

Вазири умури хориҷаи Эрон дар дидор бо дабири кулл ва мақомоти баландпояи собиқи Созмони Миллали Муттаҳид, аз ҷумла Бан Ги Мон-дабири кулли собиқи Созмони Миллали Муттаҳид низ тарҳи Эрон барои сулҳи Ҳурмузро шарҳ дод .Зариф пеш аз ин бо мақомҳои кишварҳои минтақа аз ҷумла Уммон ва Кувейт низ машваратҳое дар ин замина доштааст.

Ин изҳорот ва ройзани(машварат)ҳо аз ду дидгоҳ дорои аҳамият аст : Нахуст инки; дар ин гуфтумонҳо тасвири равшане аз роҳбурди Эрон барои ҳифзи амният дар минтақа ироа шуд, ки нишондиҳандаи дидгоҳи Эрон дар бораи амният дар халиҷи Форс ва тангии Ҳурмуз аст. Ҷанбаи дувуми аҳамияти ин ройзаниҳо намоёнсозии ҷиҳатгирии сиёсати хориҷии Эрон дар минтақа аст .

Сиёсати хориҷии Эрон устувор бар эътимодсозии мутақобил аст. Бар ҳамин асос Ҷумҳурии Исломии Эрон роҳбурдҳое ҳамчун имзои паймони таҷовуз накардан ва мушорикати ҷамъӣ барои ҳифзи амниятро пешниҳод кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар суханронии худ дар маҷмаъи умумии имсоли Созмони Миллал аз тарҳи«Ибтикори сулҳи Ҳурмуз» (hormoz peace endeavor) рӯнамоӣ кард.Ин тарҳ шомили роҳкорҳои муштарак барои ҳифзи субот ва амният дар минтақа аст .Ин тарҳ ба суди ҳамаи кишварҳои минтақа аст, зеро бароянди ниҳоии он эҷоди созу корҳои муштараки амниятӣ бо такя бар зарфиятҳои дарунминтақаӣ аст.

Ин мавзӯъот , ки дар суханронии Зариф ва дар ройзаниҳои вай дар ҳошияи иҷлоси Давҳа мавриди таъкид қарор гирифт дар нуқтаи муқобили таҳаррукоти Амрико дар минтақа қарор дорад .

Денис Атлер, устоди донишгоҳ ва таҳлилгари сиёсии Амрико бо ишора ба ҳадафе, ки Амрико аз талош барои ташкили эътилофи баҳрӣ дар минтақа думбол мекунад, мегӯяд : "Иёлоти Муттаҳида мехоҳад нируҳои амниятии худро, ки муташаккил аз нируҳои  амрикоӣ ва муттаҳидони аврупоияш аст ба таври якҷониба ба халиҷи Форс таҳмил кунад."

 Ин таҳлилгари масоили сиёсӣ тасреҳ мекунад : "Ҳар гуна тарҳи амниятӣ дар халиҷи Форс бояд тавассути ҳама тарафҳои марбута аз ҷумла Эрон мавриди таъйид қарор гирад ва тавассути Созмони Миллал идора шавад."

 Яке аз сабабҳои мухолифатҳо ва коршиканиҳо дар заминаи шаклгирии ҳамгароии амниятӣ дар минтақа манофеъи ғайриқонунии қудратҳои султаҷу аст, ки бо буҳронсозӣ ва ноамн кардани минтақа ба дунболи фурӯши силоҳ ва тасаллут бар манобеъи энергӣ дар минтақа ҳастанд.

 Изҳороти Зариф дар Давҳа дар ин бора қобили андешидан аст. Зариф гуфт : Кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс наздик ба чаҳоряки воридоти ҷаҳонии силоҳро тайи солҳои 2014 то 2018 ба худ ихтисос додаанд ва дар ин миён Амрико бештари ин силоҳҳои маргборро фурӯхтааст.

 Ҷумҳурии Исломии Эрон, аммо дар ҳифзи амнияти худ ва дур кардани таҳдидҳо аз минтақа комилан ҷиддӣ аст ва дар ин замина вобаста ба дигарон нест. Изҳороти вазири дифоъ ва пуштибонии нируҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин замина ба ҳамин нукта ишора дорад.

Генерал Амири Ҳотамӣ рӯзи якшанбе дар маросиме дар Теҳрон гуфт: Бояд ҳамвора аз омодагии лозим дар бахшҳои мухталиф бархурдор буд, то битавон қудрати боздорандагӣ ва таъсиргузори худро ҳамчунон ҳифз кард ва афзоиш дод.

 Ончи рушан аст ҷанг , таҳримҳо ва ташкили эътилофҳои сохтагӣ дар минтақа ҳеҷ гоҳ натавонистааст миллати Эронро ба зону дароварда ва ё мантиқи тасмимгирии миллати Эронро таҳти таъсир қарор диҳанд. Аз ин руст, ки суханони вазири умури хориҷаи Эрон дар иҷлоси Давҳа зимни таъкид бар ҳамгароии амниятӣ, зарурати бархурдорӣ аз иқтидор барои муқобила бо таҳдидҳоро низ хотирнишон месозад.