Декабр 17, 2019 15:38 Asia/Dushanbe
  • Нишасти муштараки мақомҳои Эрон ва Ҷопон: Таъкид бар зарурати тавсеаи равобит

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор аст дар ояндаи наздик ба Токио сафар кунад. Ин сафар дар пайи дидори нахуствазири Ҷопон аз Эрон, аз сӯи нозирони сиёсӣ боаҳамият арзёбӣ шудааст.

Дар ҳамин росто, сафири Ҷопон дар Теҳрон ва муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе нишастеро баргузор карданд.

Митсуо Сайто, сафири Ҷопон дар Эрон дар ин нишаст бо баёни ин ки равобити иқтисодии Теҳрон ва Токио кофӣ нест, таъкид кард, ширкатҳои ҷопонӣ ба ояндаи Эрон умед доранд ва ҳамчунон дар Эрон ҳузур доранд.

Саид Аббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ҳам дар ин нишаст сафарҳои мутақобили сарони Эрон ва Ҷопонро нишондиҳандаи истеҳкоми равобити ду кишвар донист ва гуфт, ойини сафарҳо дар шароите анҷом мешавад, ки Эрон дар баробари сиёсати фишори ҳаддиаксарии Амрико қарор дорад ва анвои тавтеаҳо барои мунзавӣ кардани Эрон сурат мегирад.

Эрон ва Ҷопон манофеи муштарак дар ҳифзи субот ва амният дар минтақа доранд. Муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳамин иртибот дар сафари ахири худ ба Токио дар дидор бо Тошимитсу Моӣеги, вазири умури хориҷаи Ҷопон дар бораи БарҶом ва тарҳи “Сулҳи Ҳурмуз”, ки аз сӯи раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ироа шуд, гуфтугӯ кард.

Мавозеи Ҷопон ба унвони як қудрати бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ нишон медиҳад, ки Токио зарурати пойбандӣ ба БарҶом ва ҳифзи суботу амният дар минтақаро ба хубӣ дарк мекунад. Дар ин росто нақши Эрон дар ҳифзи субот ва таъсиргузор будани Эрон бар муодилоти сиёсӣ ва иқтисодии минтақа барои Ҷопон, ки манофеи қобили таваҷҷуҳе дар ғарби Осиё дорад, мавзӯи ҳоизи аҳамият аст. Ҷопон севумин иқтисоди бузурги ҷаҳон ва севумин воридкунандаи бузурги нафт пас аз Амрико ва Чин аст ва наметавонад бозори энержии Эронро нодида бигирад.

Нашрияи “Ҷопон Таймс” дар гузорише менависад, беш аз 80 дарсади манобеи энержии Ҷопон аз тангаи Ҳурмуз убур мекунад ва кӯчактарин ихтилол дар таъмини ин манобеъ ҳазинаҳои сангине барои ин кишвари санъатӣ дар пай хоҳад дошт.

Шакке нест, ки нақзи БарҶом, ҷанги иқтисодӣ ва таҳримҳои ғайриқонунии Амрико муғойир бо усули тиҷорати озоди ҷаҳонӣ аст. Дар ин замина агарчӣ Ҷопон иқдоми малмусе дар мухолифат бо таҳримҳои Амрико накарда, аммо нигарониҳои худро ҳам аз идомаи танишҳо пинҳон намекунад.

Тфро Коно, вазири хориҷаи пешини Ҷопон дар ин бора мегӯяд: “Мо дар бораи танишҳо дар Ховари Миёна нигарон ҳастем ва умедворем, ки талошҳои дипломатӣ барои коҳиши танишҳо анҷом шавад.

Табиист, ки ҷомеаи байналмилал дар қиболи тавофуқи БарҶом ва Қатъномаи 2231 –и Созмони Милал вазоиф ва масъулиятҳое дорад ва бар ҳамин асос интизор меравад Ҷопон низ ба унвони як кишвари таъсиргузор ва бо иқтисоди бузург, ба масъулиятҳои худ дар ин замина амал кунад.

“Ҷопон Таймс” дар ин робита дар таҳлиле бо ишора ба вазъияти номатлуби минтақа иқдомоти Амрикоро сабабгори бурузи таниши шадид дар минтақа дониста ва таъкид мекунад, ки дар ин шароит бисёр муҳим ва муфид хоҳад буд, ки кишвари бетарафе монанди Ҷопон вориди амал шавад.

Иқдомоти ғайримантиқӣ ва зиддибарҷомии Кохи Сафед ва ташдиди ҳаррӯзаи таҳримҳо алайҳи Эрон нишон медиҳад, сарони Кохи Сафед ҳеҷ аҳамияте барои манофеи ҷаҳонӣ қоил нестанд. Якҷонибагароии Амрико то кунун зиёнҳои сангинеро бар ҷомеаи байналмилал таҳмил кардааст. Ба ҳамин ҷиҳат, ҳамсуӣ ва табаият аз Амрико ба нафъи сулҳ ва амнияти минтақаӣ ва байналмилалӣ нест. Мантиқитарин посух ба ҳинҷоршиканиҳои Амрико, дар пеш гирифтани сиёсати мустақил аст.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар фарозе аз баёноташон дар дидор Обе Шинзо, нахуствазири Ҷопон дар Теҳрон (13 июн) хотирнишон карданд, Ҷопон кишвари муҳиме дар Осиё аст ва агар ба густариши равобит бо Эрон тамоюл дорад, бояд иродаи қотеи худро нишон диҳад, ҳамон гуна, ки бархе кишварҳои муҳим ин иродаро нишон додаанд.