Декабр 17, 2019 19:24 Asia/Dushanbe
  • Шамхонӣ: Тавсеаи терроризм муҳимтарин чолиши Афғонистон аст

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон гуфт, тавсеаи терроризм ва талоши бархе кишварҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ барои мудирияти ноамнӣ муҳимтарин чолише аст, ки сулҳу субот дар Афғонистонро таҳдид мекунад.

Ба гузориши ИРНА, Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Чэн Вентсин, вазири амнияти миллии Чин, ки барои ширкат дар дувумин нишасти амнияти минтақаӣ ба Теҳрон сафар кардааст, афзуд, имрӯз бо талоши муштараки кишварҳои узви нишаст метавон гомҳои созандае барои афзоиши суботу амният дар минтақа бардошт. Чен Вентсин, вазири амнияти миллии Ҷумҳурии Халқии Чин низ равобити Чин бо Ҷумҳурии Исломии Эронро муҳим баршумурд ва таъкид кард, кӯшиш ва ройзании мустамари мақомоти ду кишвар метавонад тавофуқоти анҷомшудаи миёни Эрон ва Чинро тасреъ бахшад.

Дувумин нишасти гуфтугӯи амнияти минтақаӣ бо ҳузури дабирон ва мушовирони амнияти миллӣ ва мақомоти олии амниятии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Ҳинд, Афғонистон, Тоҷикистон ва Узбакистон фардо дар Теҳрон баргузор мешавад. Ин нишасти якрӯза имсол, ки бо ибтикор ва мизбонии дабирхонаи Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мешавад, бар мавзӯи Афғонистон ва муборизаи ҳамаҷониба бо ашколи мухталифи терроризм дар ин кишвар тамаркуз дорад.

 

Барчасп