Декабр 18, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Баррасии ҳамкориҳои Эрон ва Нахҷавон дар умури динӣ

Дар дидори рӯзи сешанбеи Сайид Аҳмади Ҳусейнӣ, сарконсули Эрон дар Нахҷавон ва Виқор Бобоев, раиси Муассисаи давлатии умури динии Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷавон заминаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар умури динӣ ва зиёратӣ баррасӣ шуд.

Бобоев дар ин дидор ба сиёсатҳои даврони Шӯравӣ, ки баргузории умур ва оинҳои диниро мамнӯъ ва масҷидҳову ҳусейнияҳоро таътил карда буд, ишора кард: Пас аз истиқлоли Ҷумҳурии Озарбойҷон, талошҳои зиёде барои сохти масҷидҳо ва дигар маконҳои динӣ дар манотиқи мухталифи Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷавон сурат гирифт.

Раиси Муассисаи давлатии умури динии Нахҷавон бо ишора ба ин, ки дар маҷмӯъ 214 боб масҷид дар Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷавон фаъол аст афзуд, дар ҳоли ҳозир дар Нахҷавон наметавон минтақае ва рустое ёфт, ки масҷид надошта бошад.

Бобоев Ҷумҳурии Худмухтори Нахҷавонро сарзамини пайравони аҳли Байти исмат ва таҳорат (а) ва ошиқони Имом Ҳусейн (а) унвон кард, ки ҳар сол бар теъдоди зоирони аиммаи атҳор, бахусус ба шаҳрҳои Қум ва Машҳад афзуда шуда ва авҷи он дар маросими Арбаини ҳусейнӣ мушоҳида мешавад ва Ҷумҳурии исломии Эрон низ дар интиқоли ин зоирон ба Карбалои муалло нақши муҳиме дорад.

 

Барчасп