Мушкилоти ҳамлу нақл байни Эрон ва Тоҷикистон бартараф мешавад
Мушкили ҳамлу нақли роҳи оҳан ва мошинҳои борӣ, байни Эрон ва Тоҷикистон ба зудди бартараф мешавад.
Устондори Хуросони Разавӣ гуфт: “Бар асоси ваъдаи тарафи тоҷикистонӣ, мушкили ҳамлу нақли рейлӣ ва ҳамлу нақли мошинҳои борбарӣ байни ду кишвар ба зудди бартараф мешавад”.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии вазорати кишвари Эрон, Алиризо Размҳусайнӣ дар дидори тоҷирон ва бозаргонони эронии ширкаткунанда дар намоишгоҳи ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуд барои тавсеаи равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор кард, дар музокирот бо масъулони Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти мубодилоти тиҷорӣ, интиқоли пул, стандарти коло, пазириши суфоришҳои тиҷорӣ ва ақломи хӯрокӣ, гуфтугӯ ва тавофуқоти хубе анҷом гирифт. Вай дар хусуси музокироти анҷом гирифта бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, бар асоси ваъдаи тарафи муқобил, мушкили ҳамлу нақли рейлӣ ва ҳамлу нақли мошинҳои байни ду кишвар ба зудди бартараф мешавад.
Устондори Хуросони Разавӣ бо ишора ба мушкили сабти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба инки рӯйкарди мо ба Шарқ бояд тақвият шавад, таъкид дорем, ки ҳар гуна фаъолияти иқтисодӣ бо сабти ширкат ва бар асоси навъи фаъолият анҷом гирад, талош мекунем мушкили судури виза дар Машҳадро ҳам бо кумаки вазорати хориҷаи кишварамон ҳал кунем ва ба зуддӣ имкони сабти визаҳои электронӣ низ фароҳам шавад.
Устондори Хуросони Разавӣ бо ишора ба нақши таъсиргузори Остони Қудси Разавӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишвари Тоҷикистон афзуд: "ҳасби таъкидоти мақоми муаззами раҳбарӣ, фаъолиятҳои иқтисодии Остони Қудси Разавӣ ба унвони яке аз муҳиммтарин зарфиятҳои тавсеаӣ дар ин бахш, иншоаллоҳ ба зудди баракоти арзишмандеро дар мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ насиби кишварамон хоҳад кард".
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ҳам дар идомаи ин дидор гуфт: “Бо тамоми тавон барои рафъи мушкилоти тиҷорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар хидмати бахши хусусӣ хоҳем буд”.