Рӯҳонӣ: Равишҳои наве барои тиҷорат бо кишварҳо пайдо кардем
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт, имрӯз бо кишварҳои мухталиф шеваҳои наверо барои тиҷорат ёфтаем ва бо кишварҳое назири Ҳинд, Малайзия, Туркия, Чин ва Русия гомҳои тозаеро дар тиҷорат бардоштаем.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе афзуд, дар иҷлоси чаҳорҷонибаи Эрон, Малайзия, Туркия ва Қатар дар заминаи масоили бонкӣ ва молӣ иттифоқи назар вуҷуд дошт ва таъкид шуд, ҷаҳон бояд худро аз доллар халос кунад.
Раисҷумҳури Эрон бо баёни ин ки имрӯз ҳамаи кишварҳо, аз ҷумла кишварҳое, ки дар иҷлоси ахири Малайзия ҳузур доштанд, Амрикоро муқассири аслӣ дар моҷарои фишор ба миллати Эрон медонанд, гуфт, ҳеҷ кас тардид надорад, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тааҳҳудоти худ ба таври комил амал карда ва дар чорчӯби сулҳ, субот ва амнияти минтақа ва ҷаҳон гом бардошта ва ин тарафи муқобил аст, ки тааҳҳудоти худро зери по гузошта аст.
Рӯҳонӣ дар идома афзуд, агар имрӯз кишварҳои 5+1 барои амал ба ҳамаи тааҳҳудоти худ ирода дошта бошанд ва бихоҳанд иштибоҳоти гузаштаро ҷуброн кунанд, омодаи гуфтугӯ ҳастем.
Раисҷумҳури Эрон таъкид кард: “Ҳеҷ тардиде надорем, агар имрӯз миллати Эрон дар дунё азиз буда ва суханамон дар ҷаҳон шунаванда доштааст, танҳо ба далели муқовимат ва истодагии ин миллати бузург аст”.