Транзити коло аз Тоҷикистон аз тариқи бандарҳои Эрон
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ; Тоҷикистон метавонад аз тариқи бандарҳои Эрон колоҳои худро содир кунад.
Ба нақл аз Спутник, сафири Эрон дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбеи Тоҷикистон гуфт; Эрон масири транзитии хубе барои содироти маҳсулоти Тоҷикистон аст ва ин кишвар метавонад аз тариқи бандарҳои тиҷорати дарёии ин кишвар ба кишварҳои дигар мунтақил шавад.
Муҳаммад Тақӣ Собирӣ хотирнишон кард ; дар робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон як пули тиҷории қавӣ эҷод шудааст,ки дар хидмати эҷоди фазои муносиб барои сармоягузорӣ барои бозаргонони эронӣ ва густариши иртибототи тиҷорӣ аст.
Душанбе пеш аз ин қасди худро барои транзити маҳмулаҳои худ аз тариқи бандари эронии Чобаҳор воқеъ дар ҷунуб шарқи Эрон эълом карда буд.Чашмандози истифода аз ин бандар барои транзити колоҳои Тоҷикистон дар нишасте байни Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ва Сироҷиддин Муҳиддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар Теҳрон мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи омор, дар панҷ соли гузашта, мизони тиҷорати Тоҷикистон ва Эрон аз 295 миллион доллар дар соли 2013 ба 97 миллион дар соли 2018 коҳиш ёфтааст.