Фармондеҳи нирӯи дарёии артиш: Амрико ҷуръати таҷовуз ба Эронро надорад
(last modified Thu, 26 Dec 2019 15:34:46 GMT )
Декабр 26, 2019 20:34 Asia/Dushanbe
  • Фармондеҳи нирӯи дарёии артиш: Амрико ҷуръати таҷовуз ба Эронро надорад

Фармондеҳи неруи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, амрикоиҳо ба таҷовузгарии шӯҳра ҳастанд, аммо ба далели тавон ва омодагии болои нирӯҳои мусаллаҳи Эрон ҷуръати таҷовуз ба Ҷумҳурии Исломии Эронро надоранд.

Амири Дарёдор Ҳусайни Хонзодӣ, фармондеҳи нирӯи дарёии Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи панҷшанбе дар Машҳад,  афзуд, амрикоиҳо сурхпустҳоро аз сарзамини худ берун карданд, дар ҷангҳои дохилии худашон 800 ҳазор нафарро куштанд ва танҳо кишвари дунё ҳастанд, ки аз силоҳи ҳастаӣ истифода кардаанд.

Вай бо баёни инки амрикоиҳои ҷанги Ироқ зидди Эронро ба роҳ андохтанд, ДИИШ-ро эҷод карданд ва ба ҳар ҷо расидаанд ҷанге роҳ андохтаанд, тасреҳ кард, дар ҳашт соли ҷанги таҳмилии Саддом, диктатори маъдуми Ироқ зидди Эрон, кишварҳои бисёре аз Саддом ҳимоят карданд, аммо дар поёни ҷанг, ин Эрони исломӣ буд, ки пирӯз ва сарбаланд шуд ва дар ин пирӯзӣ, нирӯи дарёии артиш нақши муҳимм ва асаргузоре ифо кард.

Фармондеҳи нирӯи дарёи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, имрӯз душман барои тахриб аз дарун, ба фишор ва ҷанги иқтисодӣ рӯй овардааст ва бо истифода аз фазои маҷозӣ ва шоеапароканӣ иқдом ба эҷоди тафриқа мекунад то иттиҳоди миллати Эронро бар ҳам бизанад.