Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Нуҳуми дай - нуқтаи атфе дар таърихи башарият аст
(last modified Fri, 27 Dec 2019 12:00:50 GMT )
Декабр 27, 2019 17:00 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: Нуҳуми дай - нуқтаи атфе дар таърихи башарият аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон нуҳуми дайи соли 1388-и ҳиҷрии шамсӣ (30 декабри 2009) - ро нуқтаи атфе дар таърихи башарият донист.

Нуҳуми дайи соли 1388 (30 декабри 2009) ёдовари роҳпаймоии миллионии мардуми Эрон дар эъломи бароат аз сохторшиканони ҷомеа ва посухе қотеъ ба аносири фитнагаре буд, ки ба баҳонаи тақаллуб дар даҳумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон, масир бероҳаро дар пеш гирифта буданд.

Ҳуҷҷатулислом Козими Сиддиқӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо баёни ин ки мустакбирон дар он замон барои зарба задан ба низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳеҷ кӯшише дареғ накарданд гуфт, эҷоди ноамнӣ, баҳамрехтагӣ, ҳамла ва шарорат, аз ҷумлаи иқдомоти фитнагарон буд, ки мардуми Эрон бо басирати худ нақшаҳои душманонро хунсо карданд.

Ҳуҷҷатулислом Сиддиқӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки душманон ҳамвора дар садади эҷоди фитна ҳастанд, изҳор дошт, душманон ба дунболи ҳар фурсате ҳастанд то миллати Эронро аз истиқлол, субот ва пешрафташон боздоранд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, мардуми Эрон монанди чиҳил соли гузашта бо ҳушёрӣ ва басирати худ нақшаҳои шуми душманонро хунсо мекунанд.

Намозгузорони теҳронӣ низ бо сар додани шиорҳое, тавтеаҳои шуми душманон зидди миллати Эронро маҳкум ва бар идомаи истодагӣ ва муқовимат то шикасти тавтеаҳои душманон таъкид карданд.