Декабр 27, 2019 17:53 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии Эрон бо давлат ва миллати Қазоқистон

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи ҷумъа бо ибрози таассуф аз бурузи сониҳаи суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон, бо хонаводаи қурбониён, давлат ва миллати ин кишвар ибрози ҳамдардӣ кард.

Сайид Аббоси Мусавӣ вуқӯи ин сониҳаро ба давлат ва миллати Қазоқистон таслият гуфт ва бо бозмондагони ҷонбохтагон ибрози ҳамдардӣ ва барои масдумон ва маҷрӯҳон орзӯи саломатӣ кард.

Як ҳавопаймои мусофирбарии Қазоқистон субҳи имрӯз (ҷумъа) бо 95 сарнишин суқут кард.

Парвози шумораи 2100 –и ширкати ҳавопаймоии “Бек Эйр” –и Қазоқистон соати ҳафту панҷ дақиқаи имрӯз, ҷумъа ба вақти маҳаллӣ аз фурудгоҳи Алмаато ба мақсади шаҳри Нурсултон - пойтахти Қазоқистон дар парвоз буд, ки суқут кард.

Дар ин сониҳа дастикам 15 нафар кушта ва беш аз 60 нафар захмӣ шуданд.

Вазъияти бархе аз захмиҳои ин сониҳа вахим гузориш шудааст.

 

 

 

 

 

 

Барчасп