Сафари сафири Тоҷикистон дар Эрон ба Систон ва Балучистон
(last modified Wed, 01 Jan 2020 14:44:03 GMT )
Январ 01, 2020 19:44 Asia/Dushanbe
  • Сафари сафири Тоҷикистон дар Эрон ба Систон ва Балучистон

Сафири Тоҷикистон дар Эрон ба устони Систон ва Балучистон сафар кард.

Сафири Тоҷикистон дар Эрон дар дидор бо муовини сиёсӣ - иҷтимоии устондори Систон ва Балучистон, бо баёни ин ки ин кишвар алоқаманд ба густариши равобити иқтисодӣ бо Эрон ва расондани он ба марзи як миллиард доллар аст, гуфт, зарфиятҳои бандари Чобаҳори Систон ва Балучистон метавонад дар густариши ин равобит бисёр муассир бошад.

Низомиддин Зоҳидӣ бо ишора ба иштирокоти фарҳангӣ ва забонии ду кишвар афзуд: “Мо интизор дорем мардуми Эрон ҳамон тавр, ки ба Туркия ва Арманистон сафар мекунанд, ба кишвари мо ҳам, ки марокизи дидании зиёде дорад, сафар кунанд”.

Низомиддин Зоҳидӣ бо баёни ин ки тамоми мушкилоти ҷаҳон аз ифроту тафрит аст, гуфт: “Мо ба дунболи ваҳдати динӣ ва амнияти миллӣ ҳастем”.  

Муовини сиёсӣ ва иҷтимоии устондори Систон ва Балучистон ҳам дар ин дидор бо баёни ин ки ҳамаи мардуми Эрон алоқаманд ба густариши равобит бо кишварҳое ҳастанд, ки бо онҳо муштаракоти фарҳангӣ доранд, гуфт, роҳи оҳани Чобаҳор- Зоҳидон, фурудгоҳи байналмилаилии Зоҳидон, марзҳо ва зерсохтҳои ҷодаии Систон ва Балучистон метавонад заминаи густариши равобити тиҷории ду кишварро ба дунбол дошта бошад.

Зайниванд афзуд: “Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки алоқаманд ба таҳсил дар Систон ва Балучистон ҳастанд, бояд ба сурати расмӣ ворид шаванд ва аз вуруди ғайриқонунии онҳо ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Зеро ин афрод бо ин шева метавонанд ҳам барои шумо ва ҳам барои кишвари мо мушкилсоз бошанд”.

Ӯ гуфт, забони форсӣ ва фарҳанги муштарак яке аз нишонаҳои амиқ дар равобити байни Эрон ва Тоҷикистон аст.