Таъкиди сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бар густариши робитаҳо бо Эрон
Сафири Тоҷикистон дар Эрон бар густариши робитаҳои иқтисодии Теҳрон - Душанбе дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.
Низомиддин Зоҳидӣ сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо раис ва ҳайатмудираи утоқи бозоргонии устони Систон ва Балучистон ( ҷунуб шарқи Эрон ) дар Зоҳидон гуфт; арзиши мубодилоти Эрон ва Тоҷикистон бояд ба як миллиард доллар дар сол бирасад.
Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон афзуд ; Эрон ва Тоҷикистон иштирокоти зиёде дар заминаҳои мухталиф аз ҷумла фарҳанг ва адабиёт доранд,ки бояд онро тақвият кунанд.
Абдулҳаким Регӣ раиси утоқи бозаргонии Систон ва Балучистони Эрон низ дар ин дидор бо ишора ба ин,ки Теҳрон - Душанбе дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат робитаҳои хубе бо ҳам доранд изҳор кард ; Систон ва Балучистон як каридори муҳми трназитӣ маҳсуб мешавад ва дорои фурсатҳои беназире барои сармоягузорӣ аст.