Январ 02, 2020 19:32 Asia/Dushanbe
  • Селоби Эрон дар феҳрасти 15 офатҳои табиии азими соли 2019

Як созмони ғайридавлатии Англия ба тозагӣ гузорише аз 15 офатҳои табиии ношӣ аз гармоиши замин дар соли 2019, аз ҷумла бо ишора ба селоби марти 2019-и Эрон мунташир карда, ки ҳар як аз инҳо ҳаддиақал як миллиард доллар ва мавориде беш аз 10 миллиард доллар хисорат ба думбол доштаанд.

Кристиан Эйд (Christian Aid) як ожонси имдорасонӣ ва тавсеаи расмии мутааллиқ ба 41 клисои протестантӣ ва православӣ дар Англия ва Ирландия аст, ки аҳдофе чун ҳимоят аз тавсеаи пойдор, мутаваққиф кардани фақр, ҳимоят аз ҷомеаи маданӣ ва имдодрасонӣ дар баробари буҳрон дар ҳавзаи Амрикои Ҷанубӣ, Кариба, Африқо, Осиё ва аз ҷумла Ховари Миёнаро думбол мекунад. Сел, оташсӯзии ҷангалҳо, тӯфон ва ҳамчунин гирдбодҳои дарёӣ, ин воқеаҳо дар саросари ҷаҳон, аз Аргентина то Аврупо, Эрон ва Ҷопон густурда шудааст.

Ҳар кадом аз ин фоҷиаҳо беш аз як миллиард доллар хисорат ба думбол доштаанд, ки хисорати ҳафт маврид аз ин фоҷеаҳо беш аз 10 миллиард доллар будааст. Дар миёни вайронгартарини ин ҳаводис, оташсӯзии ҷанглҳои Калифорния дар моҳи октябр то ноябр бо 25 миллиард доллар, тӯфони Ҳагибис дар Ҷопон дар моҳи октябри бо 15 миллиард доллар ва ҷорӣ шудани сел дар Амрико аз март то июни бо 12.5 миллиард доллар баршумурда шудааст.

Бар асоси ин гузориш, маҷмӯи хисорати ворида ношӣ аз ин офатҳои табиии азим, 140 миллиард доллар(125милёрд евро) буда, ки беш аз 4 ҳазору 500 нафар ҳам маҷмӯи талафоти инсонии он будааст. Тибқи гузориши ин созмони ғайри давлатӣ, фаъолиятҳои инсонӣ омили аслии гарм шудан кураи замин ва ба таври ғайримустақим, омили офатҳои табиӣ аст, ки дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон ба вуқӯъ мепайвандад. Ба гуфтаи коршиносон, соли 2019, соли вайронгар аз ҳайси вуқӯи офатҳои табиии азим будааст. Дар ин сол, албатта ҳамчунин шоҳиди зуҳури эътирозҳои бисёре дар саросари ҷаҳон барои мутолибагарӣ аз давлатҳо дар эътироз ба вазъияти изтирории обу ҳаво ҳастем. Иқлимшиносон хостори беҳбуди шароити тавофуқномаи Париж ва ончи, ки кишварҳо мутааҳҳид шудаанд то соли 2050 мизони интишори газҳои гулхонаии худро ба сифр бирасонанд, ҳастанд. Аммо гуфтугӯҳо бисёр печидааст.

Тибқи иҷлоси тағйироти иқлимӣ дар ибтидои моҳи декабр дар Мадриди Испания, ҳеҷ тавофуқи байналмилалӣ қобил иҷро нест. Ҳамаи умедҳо ба нишасти баъдии обу ҳаво, ки дар моҳи ноябри 2020 дар Глазгои Шотландия баргузор мешавад, аст.

 

Барчасп