Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i49693-Гуфтугӯи_телефонии_вазирони_хориҷаи_Эрон_ва_Тоҷикистон
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон дар гуфтугӯе телефонӣ охирин таҳаввулоти минтақаро баррасӣ карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 04, 2020 14:38 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон дар гуфтугӯе телефонӣ охирин таҳаввулоти минтақаро баррасӣ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мҳуммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷикистониаш рӯзи шанбе дар тамосе тилифонӣ дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба вижа таҳаввулоти пас аз террори шаҳид сардор сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ табодули назар карданд.

Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расид.