Гуфтугӯи телефонии вазирони хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон
Январ 04, 2020 18:08 Asia/Dushanbe
Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Тоҷикистон дар гуфтугӯе телефонӣ охирин таҳаввулоти минтақаро баррасӣ карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Мҳуммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтои тоҷикистониаш рӯзи шанбе дар тамосе тилифонӣ дар бораи охирин таҳаввулоти равобити дуҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмиллалӣ ба вижа таҳаввулоти пас аз террори шаҳид сардор сипаҳбуд ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ табодули назар карданд.
Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расид.