Эрон бо вуруди пайкари сардор Сулаймонӣ ва ёрони шаҳидаш муаттар шуд+видео
Пайкари мутаҳҳари сардор сипаҳбуд шаҳид ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ёрони шаҳидаш субҳи рӯзи якшанбе вориди фурудгоҳи байналмиллалии Аҳвоз шуд.
Ба нақл аз ИРНО, садҳо нафар аз мардум ва масъулони лашкарӣ ва кишварии Эрон бо ҳузур дар фурудгоҳи байналмиллалии Аҳвоз ба истиқболи пайкарҳои шаҳидони ҳамлаи террористии Амрико рафтанд.
Пайкари мутаҳҳари сардор сипаҳбуд шаҳид ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ ва ёрони шаҳидаш рӯзи шанбе ба тартиб дар шаҳрҳои Козимайн, Бағдод, Карбалои муалло ва Наҷафи ашрафи Ироқ ташиъ шуда буд.
Бар асоси барномарезиҳо, оини ташиъи пайкари поки шаҳидони ҷабҳаи Муқовимат имрӯз якшанбе соати 8 субҳ дар шаҳри Аҳвоз, маркази вилояти Хузистон оғоз хоҳад шуд. Қарор аст зуҳри имрӯз низ ойини ташиъи шаҳидони Муқовимат дар ҳарами нуронии ҳазрати имом Ризо (а) дар Машҳад баргузор шавад.
Теҳрон, Қум (ҷануби вилояти Теҳрон) ва Кирмон (маркази Эрон) зодгоҳи сардор ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дигар шаҳрҳоест, ки маросими ташиъ дар онҳо баргузор хоҳад шуд.
Сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва теъдоде аз ёронаш бомдоди рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ дар фурудгоҳи Бағдод пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.