Январ 05, 2020 20:28 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таҳдиди Трамп алайҳи маконҳои фарҳангии Эрон ҷурми ҷангӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҳдиди твиттерии раисҷумҳури Амрико алайҳи мардуми Эрон таъкид кард: Таҳдид ба ҳадаф қарор додани маконҳои фарҳангӣ, ҷурми ҷангӣ аст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар вокуниш ба таъкиди Эрон ба интиқом аз иқдоми террористии Амрико дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Twitter-и худ муддаӣ шуд: Дар сурате, ки Эрон ба ҳар амрикоӣ ё манофеи Амрико ҳамла кунад, Амрико ба 52 нуқта дар Эрон (Ба намояндагӣ аз 52 амрикоӣ, ки солҳо пеш дар моҷарои тасхири сафорат боздошт шуданд) ҳамла хоҳад кард.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар саҳифаи шахсии худ дар Twitter навишт: Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ки бо террорҳои буздилонаи ахири худ муртакиби нақзи шадиди қонунҳои байналмилалӣ шуда, бори дигар таҳдид ба нақзи ҷадиди ҳанҷорҳои байналмилалӣ кардааст.

Зариф бо таъкид бар ин, ки ҳадаф қарор додани маконҳои фарҳангии Эрон, як ҷинояти ҷангӣ аст афзуд: Поёни ҳузури шаруронаи Амрико дар ғарби Осиё оғоз шудааст.

 

Барчасп