Ташиъи пайкарҳои шаҳид сардор Сулаймонӣ ва ёрони шаҳидаш бо ҳузури миллионии мардум
Маросими бошукуҳи ташиъи пайкарҳои шаҳид сардор Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва ёрони шаҳидаш бо ҳузури миллионии мардуми инқилобии Эрон дар Теҳрон баргузор шуд.
Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи имрӯз дар намоз бар пайкарҳои шаҳид сардор Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Ҳашад Аш-шаъбӣ ва 4 нафар аз шаҳидони эронии ҷинояти ахири режими Амрико худовандро барои бузург доштани муҷоҳидони роҳаш ба воситаи тавфиқи азими шаҳодат, ҳамду сипос гуфтанд ва дараҷаҳои олии он шаҳидони олимақомро масъалат карданд.
Пас аз иқомаи намоз, маросими ташиъи пайкарҳои шаҳидони ҷинояти ахири Амрико, бо ҳузури чанд миллионии мардуми Эрон ва мақомоти кишварӣ ва лашкарӣ ва масъулони гуруҳҳои Муқовимат ва ҳамразмони шаҳидон баргузор шуд. Ҷамъе аз сафирон ва намояндагони муқими Теҳрон низ дар ин маросим ширкат карданд.
Ширкаткунандагон дар ин маросим шиорҳои марг бар Амрико, марг бар Исроил, на созиш на таслими набард бо Амрико ва вой агар Хоманаӣ ҳукми ҷиҳодам диҳад сар доданд ва интиқоми сахти террори сипаҳбуд Сулаймонӣ ва ҳамразмони шаҳидашро аз омилони ин ҷиноят хостор шуданд.
Пайкари шаҳид сипаҳбуд Сулаймонӣ баъд аз зуҳри имрӯз ба шаҳри Қум мунтақил мешавад; маросими хоксупории ин сардори бузурги ислом қарор аст сешанбе дар Кирмон баргузор шавад.