Январ 06, 2020 20:10 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Поёни ҳузури шайтонии Амрико дар ғарби Осиё оғоз шудааст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба ҳузури миллионҳо нафар аз мардуми Эрон дар ташйиъ(видоъ)-и шаҳидони ҷинояти ахири Амрико гуфт: “Поёни ҳузури шайтонии Амрико дар ғарби Осиё оғоз шудааст”.

Маросими бошукӯҳи видоъи пайкарҳои шаҳиди сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ва ҳамразмони шаҳидаш бо ҳузури миллионҳо нафар аз мардуми инқилобии Эрон, рӯзи душанбе дар Теҳрон баргузор шуд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон бо интишори тасовире аз ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар ин маросим дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт: “Доналд Трамп! Оё то ба ҳол дар зиндагиат чунин дарёе аз инсониятро дидаӣ?”

Зариф хитоб ба раисиҷумҳури Амрико афзуд: Оё ҳанӯз ҳам мехоҳӣ ба далқакҳое, ки ба ту дар бораи минтақаи ғарби Осиё тавсия мекунанд, гӯш бидиҳӣ? Оё ҳанӯз ҳам тасаввур мекуни, метавони иродаи ин миллати бузург ва мардумашро аз байн бибарӣ?

Сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, ки бомдоди рӯзи ҷумъа (3 январ) ба даъвати расмии мақомоти Ироқ ба ин кишвар сафар карда буд, ба ҳамроҳи Абу Маҳдӣ ал Муҳандис ва 8 нафар дигар дар ҳамлаи ҳавоии нирӯҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ, наздики фурудгоҳи Бағдоди Ироқ ба шаҳодат расид.

 

Барчасп