Январ 06, 2020 21:48 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Эрон интиқоми сахте аз Амрико хоҳад гирифт

Ба гузориши Садои Хуросон, генерал-майор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи душанбе дар гуфтугӯи телефони Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, бо баёни инки мардуми Эрон бо ҳузури миллионии худ дар ташйиъи пайкари шаҳид Сулаймонӣ, иқдомоти қотеъ алайҳи Амрико дар қиболи ин ҷиноятро хостор шудаанд афзуд, Эрон замон, макон ва чигунагии посух ба ҷинояти Амрикоро таъйин хоҳад кард.

Сарлашкар Боқирӣ, шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймониро мабдаи таҳаввулоти бузург дар минтақаи ғарби Осиё донист ва таъкид кард, Эрон, Русия ва ҳамаи кишварҳои озод ва мустақили ҷаҳон бояд дар баробари Амрико боистанд ва иҷозаи такрори ин гуна иқдомотро надиҳанд.

Шойгу низ дар ин гуфтугӯи телефонӣ, бо тасалияти шаҳодат сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ба миллат, давлат ва нирӯҳои мусаллаҳи Эрон изҳор кард, сипаҳбуд Сулаймонӣ қаҳрамони миллӣ аст ва нақши бисёр муҳимме дар шикасти терроризм дар Сурия ва Ироқ дошт.

Сергей Шойгу бо баёни инки террори шаҳид Сулаймонӣ, иқдоме бесобиқа дар байни кишварҳо буд тасреҳ кард, ин аввалин бор аст, ки як мақоми аршад тавассути як кишвари дигар бидуни ҳеҷ далеле дар хоки кишвари сеюм террор мешавад.

Вазири дифои Русия бо таъкид бар инки Амрико бидуни ҳеҷ далеле ба худ ҳаққи мудохила дар умури дигар кишварҳоро додааст хотирнишон кард, иқдоми террористӣ алайҳи сардор Сулаймонӣ, амалиёти бисёр хатарнок буд, ки мухолифати мардуми ҷаҳон ва ҳатто мардуми Аврупо ва Амрикоро ба ҳамроҳ дошт.

 

Барчасп