Гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ: Аз Амрико интиқом мегирем
Гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ эълом карданд, интиқоми ҳамалоти Амрико ба мавозеъи Ал-Ҳашду Шаъбиро хоҳанд гирифт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, гурӯҳҳои муқовимати ироқӣ имрӯз душанбе дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба мавозиъи «Ал-ҳашду Шаъбӣ» дар марзи Сурия ва Ироқ баёнияе муштарак содир ва тасреҳ карданд, мо дар баробари идомаи ҳузури нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ дар кишвар. ки муғойир бо қонуни асосӣ, тасмими порлумон ва хости миллати Ироқ аст, сукут нахоҳем кард.
Гурӯҳҳои муқовимат дар баёнияи худ бо ишора ба ин ки нерӯҳои ишғолгари амрикоӣ бо ҳамла ба нерӯҳои Ҳашду шаъбӣ ҳамчунон дар ҳоли идома додани ҷиноёти худ ҳастанд, таъкид карданд, интиқоми хуни шуҳадои ин ҳамалот аз муртакибони ин ҷиноят гирифта хоҳад шуд ва душман таъми талхи интиқомро хоҳади чашид.
Гурӯҳи муқовимат «Китаибу Сайиду шуҳадо»-и Ироқ ҳам пеш аз ин эълом кард, аз ин пас ҷанги мо бо ишғолгари Амрико номаҳдуд хоҳад буд ва аввалин гоми ин ҷанг, ҳадаф гирифтани паррандаҳои мутахосими онон дар осмони Ироқи азизи мост.
Бомдоди имрӯз манобеи хабарӣ дар Ироқ ва Сурия аз ҳамлаи ҳавои ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба мавозиъи Ҳашду Шаъбӣ дар минтақаи Букамол дар марзи Сурия ва Ироқ хабар доданд.
Дар ин ҳамла чаҳор нерӯи Ал-Ҳашду шаъбӣ ба шаҳодат расида ва се тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Бештар бихонед: