Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба барафрошта шудани парчами сурхи интиқом дар Эрон дар пайи террори шаҳид Ҳания
(last modified 2024-08-04T06:43:43+00:00 )
Август 04, 2024 11:43 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба барафрошта шудани парчами сурхи интиқом дар Эрон дар пайи террори шаҳид Ҳания

Порс тудей- Пас аз террори шаҳид Исмоил Ҳания, тавассути режими саҳюнистӣ, парчами масҷиди Ҷамкарон ба парчами сурх бо навиштаи "Ё сорот ал Ҳусайн" тағйир ёфт.

Барафрошта шудани парчами сурхи интиқом дар Эрон вокунишҳои мутааддиде дар сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳамроҳ дошт.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз Форснюз, расонаи амрикоии The Washington Examiner дар ин замина навишт: " Эрон парчам сурхи интиқомро ба эҳтизоз даровард ва қавл дод, интиқоми террори раҳбари Ҳамосро бигирад. Ин расонаи амирикоӣ ишора кард, ки ин парчам ба нудрат барафрошта мешавад ва яке аз маворид он пас аз террори Қосими Сулаймонӣ буд.

Рӯзномаи фаронсавии Le Monde, ки яке аз муҳиммтарин рӯзномаҳои Аврупо ва аз мӯътабартарин рӯзномаҳои Фаронса аст низ навишт: "Дар рӯзи чаҳоршанбе парчами сурх бар фарози масҷиди Ҷамкарон, ки макони муқаддас барои шиаён аст, ба эҳтизоз даромад. Ин иқдом, намоде аз «интиқоми бузург» дар пайи террори Исмоил Ҳания аст, ки ба Исроил нисбат дода мешавад. Ин парчам пеш аз ин дар соли 2020 пас аз шаҳодат сардори эронӣ Қосими Сулаймонӣ низ ба эҳтизоз даромада буд."

Расонаи New Arab, ки мақар аслии он дар Лондон аст дар тавзеҳи ин рӯйдод изҳор дод: "Эрон парчами сурхи интиқомро пас аз террори Исмоил Ҳания барафрошт; Чун оятуллоҳ Хоманаӣ дастури ҳамла ба Исроилро содир кард."

Расонаи англисии Colorado Politics низ шабеҳи ин матлабро баён дошт: "Эрон парчами сурхи интиқомро ба эҳтизоз даровард ва қавл дод пас аз террори раҳбари Ҳамос интиқом бигирад.

 

Барчасп