Январ 07, 2020 15:04 Asia/Dushanbe
  • Зариф: поёни ҳузури шаруронаи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё оғоз шудааст

Вазири умури хориҷаи Эрон бо таъкид бар ин ки поёни ҳузури шаруронаи Амрико дар минтақаи ғарби Осиё оғоз шудааст гуфт, пайёмадҳои террори мақоми баландпояи низомии Эрон, дер ё зӯд гиребони Амрикоро аз шарқ то ғарби олам хоҳад гирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе дар Маҷмаи гуфтугӯи минтақаии Теҳрон бо ишора ба ҷинояти Амрико дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ тасреҳ кард, Амрико бори дигар ба ҳамагон собит кард, ки ҳеҷ тааҳуд ва эҳтироме ба қоидаҳо ва қавонини байналмиллалӣ надорад. Зариф афзуд, террори сипаҳбуд Сулаймонӣ, на танҳо ҳамла ба ҳокимияти миллии Ироқ ва террори ваҳшиёна ва буздилонаи сардори сарафрози Эрон буд, балки ҳадаф қарор додани яке аз рукнҳои таъминкунандаи амнияти минтақаи ғарби Осиё будааст. Вазири умури хориҷаи Эрон бо баёни ин ки раиси ҷумҳури беадаб ва густохи Амрико ва вазири умури хориҷаи беадабтари ӯ бо террори сардор Сулаймонӣ инбор қумори бузурге кардаанд таъкид кард, Амрико посухи худро дар замон ва макони муносиб, ки ҳадиаксари дардро эҳсос кунад, дарёфт хоҳад кард. Зариф ҳамчунин бардоштҳои ғалат, ки бар муодилоти минтақа таъсиргузор бударо аз муҳимтарин мушкилоти минтақа унвон кард ва афзуд, улгуе, ки имрӯз бар минтақаи ғарби Осиё таҳмил шуда ва дониста ё надониста тавассути бархе дар минтақа боз тавлид мешавад, бар ин асл қарор  гирифтааст, ки силоҳи амрикоӣ ва ҷанг, амният меоварад. Вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард, он чи ки дар паҳнаи ҷуғрофиёии ғарби Осиё ва халиҷи Форс амният оварда ва сулҳи пойдор тавлид мекунад, иртиқои ҳамбастагии дарунминтақаӣ, тафоҳуми муштарак ва равобити мубтанӣ бар ҳамкорӣ аст. Маҷмаи гуфтугӯи Теҳрон субҳи имрӯз (сешанбе) дар маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмиллалии Вазорати умури хориҷаи Эрон оғоз шуд.

Барчасп