Ҳамаи мусофирони ҳавопаймои украинӣ ҷон бохтанд
Январ 08, 2020 11:32 Asia/Dushanbe
Раиси Созмони уржонси кишвар эълом кард: Мутаассифона ҳеҷ кас дар суқути ҳавопаймои мусофирии Украина наҷот наёфтанд ва 176 мусофир ва хадамаи парвоз ҷони худро аз даст додаанд.
Пирҳусейн Куливанд гуфт: Нерӯҳои уржонс талоши худро барои наҷоти ин афрод ба кор гирифтанд. Ҷасадҳо дар як маҳал ҷамъоварӣ шуда ва омодаи интиқол ҳастанд.
Як ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737-и мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.
Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо озими Киев, пойтахти Украина буда ва 176 мусофир ва хадама доштааст.