Январ 11, 2020 20:36 Asia/Dushanbe
  • Ташреҳи ҷузъиёти ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Украина

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон бо ишора ба бурузи сониҳаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Украина ба иллати хатои инсонӣ гуфт, ин иттифоқ ҳазинаи шайтанатҳои Амрико дар минтақааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, як ҳавопаймои мусофирбарӣ мутааллиқ ба хутути ҳавоии Укрина субҳи чаҳоршанбе 8 январ наздики фурудгоҳи имом Хумайнӣ (р)-и Теҳрон суқут кард ва тамомии сарнишинон ҷон бохтанд.

Сардор сартиб Амиралии Ҳоҷизода- фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон рӯзи шанбе дар ташреҳи ҷузъиёти ин ҳодиса тасреҳ кард, ба иллати таҳдидҳои режими Амрико ва парвози теъдоди зиёде аз ҳавопаймоҳои душман пайромуни Эрон, нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон дар омодагии комил қарор доштанд, ки мутаассифона ба воситаи тасмимгирии аҷулонаи як шахс ин ҳодиса рух дод.

Сардор Ҳоҷизода гуфт, амрикоиҳо таҳдид карда буданд 52 нуқтаи Эронро ҳадаф қарор медиҳанд, бино барин сомонаҳои мустақар дар Теҳрон ва падофанд дар шароити омодабош ба сар мебурданд.

Фармондеҳи нерӯи ҳавофазои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо баёни ин ки баррасиҳо ва арзёбиҳои ин ҳодисаро ситодҳои болотар ва маҷмуаи қувваи қазоияи Эрон анҷом медиҳад тасреҳ кард, Созмони ҳавопаймоии Эрон таҷрибае дар заминаи асобати мушакӣ ба ҳавопаймо надошта ва эътиқод доштааст, ки агар мушаке ба ҳавопаймо асобат кунад ҳавопаймо бояд дар иртифоъ аз байн бурда шавад, аммо ин ҳавопаймо дар замони нишастан аз байн бурда шудааст.

Сардор Ҳоҷизода бо таъкид бар ин ки нерӯҳои мусаллаҳи Эрон қасди пинҳонкорӣ надоштаанд, бо хонаводаҳои ҷонбохтагони ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ кард.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоби исломӣ низ имрӯз шанбе дар пайоме Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эронро маъмури пайгирии кутоҳиҳо ё тақсирҳои эҳтимолӣ дар ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарии Украина карданд.

Барчасп