Интиқоди шадиди хатиби ҷумъаи Теҳрон аз дабири кулли Созмони милал
(last modified Fri, 22 Jul 2016 12:04:45 GMT )
Июл 22, 2016 17:04 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди хатиби ҷумъаи Теҳрон аз дабири кулли Созмони милал

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо интиқод аз гузориши ахири дабири кулли Созмони милал дар бораи тавофуқи ҳастаӣ гуфт: "Аз дабири кулле, ки бо фишори саҳюнистҳо гузориш таҳия мекунад ва аз Арабистон доллар мегирад то номи ин кишварро аз листи ноқизони ҳуқуқи башар хориҷ кунад, интизорие беш аз ин нест".

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон гузориши Бон Ки Мун, дабири кулли СММ -ро дар бораи иҷрои БАРҶОМ ғайримунсифона донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон имрӯз дар хутбаҳои намози ҷумъа ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор дод, агар зидди низоми Ҷумҳурии исломии Эрон муртакиби хатое шаванд, қатъан пушаймон хоҳанд шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон кудато ва ғалабаи зӯрмадорона дар Туркияро низ маҳкум кард ва гуфт:" Раъйи мардуми Туркия мавриди эҳтиром буда ва ҳамон тавр, ки раъйи мардуми Сурия, Фаластин ва Баҳрайн ҳам қобили эҳтиром аст ва ин масъала мавзеи аслии низоми Ҷумҳурии исломии Эрон аст".

Оятуллоҳ Хотамӣ ҳамчунин бо ишора ба таҳавулоти ахир дар Баҳрайн ва бекор кардани шаҳрвандии Шайх Исо Қосим, рӯҳонии аршади ин кишвар афзуд: "Ҳокимони мустабид ва диктатор дар Баҳрайн ҳар ҷиноётеро зидди мардум дар ин кишвар муртакиб мешаванд".

Хатиби ҷумъаи Теҳрон гуфт: "Тибқи маводи фаровони ҳуқуқи башарӣ ҳеч ҳукумате ҳақ надорад шаҳрвандии сокинонашро бекор кунад, аммо режими Оли Халифа аз як олими мазҳабӣ ҳаққи шаҳрвандиро гирифтааст, ки ҷойи таассуф дорад".

Оятуллоҳ Хотамӣ тасреҳ кард: "Уламои Баҳрайн аз ҳамаи мусулмонони ҷаҳон дархости кӯмак кардаанд, ки ҳама ҳувияти онон ба хатар афтодааст ва уламои Ислом бояд муқобили ваҳшигариҳои Оли Халифа биистанд".