Январ 13, 2020 11:31 Asia/Dushanbe
  • Руҳонӣ: ихтилоф дар уммати исломӣ ба нафъи ҳеҷкас нест

Раиси ҷумҳури Эрон якшанбешаб дар дидори вазири умури хориҷаи Покистон дар Теҳрон бо таъкид бар ин ки Эрон алоқаманд аст бо ҳамаи кишварҳои минтақа равобити наздик ва дӯстона дошта бошад гуфт, Ҷумҳурии исломии Эрон муътақид аст ихтилоф ва ҷудоӣ дар уммати исломӣ ба нафъи ҳеҷкас нест.

Ба нақл аз пойгоҳи иттилоърасонии раёсатҷумҳурӣ, Ҳасани Руҳонӣ дар ин дидор бо ишора ба шароити ҳассоси минтақа гуфт, дар шароити кунунӣ ҳама бояд барои сулҳу субот дар минтақа ва низ коҳиши таниш дар минтақа бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Раиси ҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки бурузи ҷангу таниш дар минтақа метавонад бисёр хатарнок бошад тасреҳ кард, Эрон зимни омодагии комил барои дифоъ аз манофеи худ, ҳаргиз ба дунболи шуълавар кардани ҷанг дар минтақа нест.

Раиси ҷумҳури Эрон ҳамчунин бо таъкид бар аҳамияти густариш ва таъмиқи равобити Теҳрон-Исломобод афзуд: марзҳои Эрон ва Покистон бояд марзҳои сулҳ ва дустӣ бошад ва набояд иҷоза диҳем, ки бархе гуруҳакҳо марзҳои ду кишварро ноамн кунанд.

Руҳонӣ бо қадрдонӣ аз ибрози ҳамдардии давлати Покистон дар шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ ва ҳамчунин ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ гуфт, ин ду теражедии дардноке, ки рух дод махсуси Эрон набуд ва дар ин ғамҳо кишварҳои дигар ҳам саҳим буданд.

Руҳонӣ афзуд, сардамдорони Амрико ва Кохи Сафед ва ҳамчунин режими саҳюнистӣ дар канори сарони террористҳои дунё аз ҷумла ДИИШ ду гуруҳе бунад, ки аз террори сардор Сулаймонӣ хушҳол ва дар муқобили мардуме, ки ба дунболи сулҳу субот дар минтақа ҳастанд ғамгин ва андуҳнок шуданд.

Шоҳмаҳмуд Қурайшӣ низ дар ин дидор бо таслияти шаҳодати сипаҳбуд Сулаймонӣ ва ҳодисаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ гуфт, террори сардор Сулаймонӣ бисёр шокбарангез буд.

Вазири умури хориҷаи Покистон ҳамчунин бо таъкид бар ин ки кишвараш иҷоза намедиҳад, ки аз хоки он барои таҳдиди дигар кишварҳо ба вижа Эрон истифода шавад афзуд, Покистон худро шарики сулҳу субот барои Ҷумҳурии исломии Эрон медонад.

Барчасп