Январ 13, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори амири Қатар бо Раҳбари муаззами инқилоб;гуфтугӯҳои роҳбурдӣ дар марҳилаи ҳассос

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ,Раҳбари муаззами инқилоб якшанбешаб дар дидори шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ-амири Қатар ва ҳайати ҳамроҳаш шароити кунунии минтақаро номуносиб донистанд ва афзуданд: Иллати ин вазъият, фасодангезии Амрико ва рафиқони он аст ва танҳо роҳи муқобила бо он ҳам такя бар ҳамкориҳои дарунминтақаӣ аст.

 Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо ишора ба зарурати тавсеаи равобити иқтисодии Эрон ва Қатар дар сатҳи мутаносиб бо равобити сиёсӣ таъкид карданд: Албатта бархеҳо бахусус онҳое, ки аз он сари дунё ба ин минтақа омадаанд, тамоюл ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои минтақа надоранд, вале ин мавзӯъ рабте ба онҳо надорад ва кишварҳо ва миллатҳои минтақа, дигар чунин зургуиҳо ва дахолатҳоеро қабул намекунанд.

Шайх Тамим ибни Ҳамад оли Сонӣ-амири Қатар низ бо ибрози хурсандии фаровон аз дидор бо Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ шароити минтақаро душвор хонд ва гуфт: Мо бо суҳбатҳои ҷаноби олӣ дар хусуси зарурати афзоиши ҳамкориҳои минтақаӣ комилан мувофиқем ва мӯътақидем бояд гуфтугуҳои ҷомеъ миёни кишварҳои минтақа баргузор шавад.

 Амири Қатар пеш аз дидор бо Раҳбари муаззами инқилоб бо Ҳасани Рӯҳонӣ-раисҷумҳури исломии Эрон дар бораи равобити дуҷониба ва ахирин таҳаввулоти минтақа гуфтугӯ кард.

 Дар гуфтугӯҳои амири Қатар ва мақомҳои Ҷумҳурии исломии Эрон бар мавзӯъоти муҳимме таъкид шуд, ки бо сарнавишти ҳама кишварҳои минтақа пайваст аст. Муҳиммтарин мавзӯъ дар ин гуфтугӯҳо дидгоҳи бисёр наздики ду кишвар нисбат ба амният дар минтақа аст.Эрон ва Қатар, ду кишвари ҳамсоя ва дорои манофеъи муштарак ҳастанд. Табиӣ аст, ки ҳар ду кишвар хоҳони коҳиши танишҳо дар минтақа ҳастанд.

 Ҷумҳурии исломии Эрон бо дироят ва хештандорӣ талош кардааст монеъ аз шиддатёбии танишҳо дар минтақа шавад, аммо дар додани посухи маҳкам ба муттаҷовизон ва террористҳо лаҳзае шубҳа намекунад ва бо такя бар иқтидор ва боздорандагии низомӣ дар муқобили таҳдидкунандагони амният истодааст.Амнияти минтақаи халиҷи Форс низ аз ин қоида мустасно нест.

 Ҳамон гуна, ки Раҳбари муаззами инқилоб хотирнишон карданд: Сиёсатҳои ғалат ва нобихрадонаи бархе кишварҳо боиси эҷоди таниш ва мушкил дар минтақа шудааст.

Қатар низ дар солҳои ахир таҷрибаи талхе дар ин замина дошта ва хусуматварзиҳо ва муҳосираву таҳримҳо аз сӯи бархе кишварҳоро мушоҳида кардааст.

 Ҷумҳурии исломии Эрон бо эҳтиром ба назарот ва талоши ҳамсоягон аз ҷумла Қатар, ки мухолифати худро бо ҳар гуна таниш дар минтақа эълом кардаанд, алоқаманд ба идомаи ройзаниҳо барои тақвияти сулҳу субот ва пешрафти минтақаӣ аст.

 Муҳаммадҷаводи Зариф-вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳамин замина дар суханронии худ дар иҷлоси "Маҷмаъи Давҳа", ки декабри 2019  баргузор шуд, бо баёни инки ғарби Осиё даргири "ошуфтагии шадид" аст, гуфт: “Бархе ҳамчунон тасаввур мекунанд, ки ҳатто дар ҷаҳони кунунӣ, ки ҳама чиз ба ҳам муртабит ва пайваст аст, як тараф метавонад бо маблағҳои дигарон ба манфаат бирасад ва метавонад бо маҳрум кардани ҳамсоягонаш аз амнияти худ ба амният даст ёбад. Ин [равиш] ҳаргиз натиҷабахш набуда ва ҳаргиз натиҷабахш нахоҳад буд. Амният дуруст мисли тағйироти иқлимӣ марз намешиносад ва тақсимнопазир аст."

 Таҷрибаи таърихӣ ин воқеиятро ба ҳамагон нишон дода, ки мудохилаи хориҷиҳо танҳо мӯҷиби афзоиши таниш ва печидатар кардани шароити минтақа шудааст.

 Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико иқрор кардааст, ки Амрико беш аз 7 триллион доллар сарфи иқдомоти низомӣ дар минтақа карда аст, аммо чӣ натиҷае ҳосил шудааст?

 Ҳузури низомии Амрико дар минтақа, на амнияти бозигарони хориҷиро афзоиш дода ва на амнияти ин минтақаро  таъмин кардааст. Дар ҳақиқат ҳузури низомӣ ва мудохилаҳои буҳронсози Амрико танҳо ба бурузи фоҷеаи инсонӣ ва ақибмондагии иқтисодӣ дар минтақа мунҷар шудааст.

 Ин воқеиятҳо ва нигоҳ ба гузашта нишон медиҳад, ки амнияти пойдор дар минтақа ба як тағйири бунёдин дар чорчуби ҳамкориҳои минтақаӣ ниёз дорад.

 Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар ин нукта, ки шароити кунунии минтақа беш аз пеш ниёзманди тақвияти иртибототи кишварҳои минтақа ва таъсир напазируфтан аз таблиғоти бегонагон аст ,баёнгари дидгоҳи мантиқӣ ва амиқи Ҷумҳурии исломии Эрон нисбат ба амният барои ҳамаи кишварҳои минтақа аст.