Январ 13, 2020 21:24 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрики раисиҷумҳури Эрон ба султони ҷадиди Уммон

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар паёме бо табрики интисоби Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид ба унвони султони Уммон ибрози умедворӣ кард, равобити Теҳрон ва Масқат беш аз пеш ва дар ҳамаи заминаҳо густариш ёбад.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзи душанбе дар паёме ба Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саид, подшоҳи ҷадиди Уммон хотирнишон кард, равобити Ҷумҳурии Исломии Эрон ва салтанати Уммон дар замони Қобус ибни Саид, султони фақиди Уммон бар асоси эътимоди мутақобил поягузорӣ шудааст. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо таслияти даргузашти Қобус ибни Саид ба султони Уммон ва мардуми ин кишвар, таъкид кард, султон Қобус нақши муассире дар истиқрори сулҳу субот дар минтақа ифо кард.Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки султони фақиди Уммон дар панҷдаҳа ҳукумати худ, иқдомҳои фаровоне барои рифоҳ ва пешрафти мардум ва кишвараш анҷом дод, афзуд, Қобус ибни Саид бо эътимоди мутақобили Ҷумҳурии Исломии Эрон ва салтанати Уммон, равобити ду кишварро бар мабнои дӯстӣ ва бародарӣ, поягузорӣ ва улгӯе аз равобити хуб байни кишварҳои ҳамсоя ироа кард.Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон низ рӯзи душанбе бо ҳузур дар сафорати Уммон дар Теҳрон, дафтари ёдбуди султони фақиди Уммонро имзо кард.

Хабаргузории расмии Уммон бомдоди шанбе аз даргузашти Қобус ибни Саид, подшоҳи ин кишвар дари 79 солагӣ хабар дод. Ҳайсам ибни Ториқ Оли Саиди 65 сола пеш аз ин масъулиятҳое, аз ҷумла вазири мерос ва фарҳанг ва раиси Кумитаи иқтисодии чашмандози 2040-и Уммонро бар ӯҳда доштааст.