Январ 14, 2020 19:07 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Эрон бар пайгирии иқдоми террористии Амрико дар маҷомеи байналмилалӣ

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон бо ишора ба иқдоми террористии Амрико дар террори шаҳид Сулаймонӣ гуфт, шахси раисҷумҳури Амрико расман иқрор ба ин иқдоми террористӣ кард ва ин ҷиноят ҳатман аз сӯйи Эрон дар маҷомеи байналмилалӣ пайгирӣ мешавад.

Ғуломуҳсини Исмоилӣ, сухангӯи қувваи қазоияи Эрон дар нишасти хабарии рӯзи сешанбе бо баёни ин ки сипаҳбуди шаҳид Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ қаҳрамони байналмилалии мубориза бо терроризм дар минтақаи ғарби Осиё буд, тасреҳ кард, қувваи қазоияи Эрон илова бар пайгирии иқдоми террористии Амрико дар додгоҳҳои кайфарии дохили кишвар алайҳи артиш ва давлати Амрико ва шахси раисҷумҳури Амрико дар Ироқ ва Девони Байналмилалии Кайфарӣ низ эъломи ҷурм карда ва ташкили парванда медиҳад. Исмоилӣ афзуд, ҳузури беназири мардум дар маросими ташйии шуҳадои муқовамат, намоиши қудрат ва пойгоҳи мардумии низоми ҷумҳурии исломӣ ва ҳама нерӯҳои инқилоб дар муқобили Амрикои ҷинояткор буд.

Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон ҳамчунин бо ишора ба ҳузури сафири Англия дар таҷаммӯоти ғайриқонунӣ дар Теҳрон гуфт, қувваи қазоияи Эрон ба ҳеҷ унвон аз амнияти мардум ва ҷомеа кӯтоҳ намеояд ва бо касоне, ки ба ҳар шакл иқдом алайҳи амнияти Эрон дошта бошанд, дар чорчӯби қонун бархӯрд мекунад. Исмоилӣ таъкид кард, бар асоси модаи 41-и конвенсияи Вена, ҳама афроде, ки аз масуниятҳои дипломатӣ баҳраманд ҳастанд, муваззафанд, қавонину муқаррароти давлати пазирандаро муҳтарам бишуморанд ва аз мудохила дар умури дохилии кишвари мизбон худдорӣ кунанд. Сухангӯи қувваи қазоияи Эрон бо баёни ин ки бар асоси қавонини байналмилалӣ, сафири Англия дар Теҳрон як унсури номатлуб маҳсуб мешавад, тасреҳ кард, сафири Англия ба унвони болотарин намояндаи ин кишвар дар ҷумҳурии исломӣ дар як таҷаммӯи ғайриқонунӣ ширкат кард ва аз ин таҷаммӯъ филму акс таҳия кард ва нақши таҳриккунанда барои эҷоду истимрори таҷаммӯи ғайриқонунӣ дошт, ки ба ҳеҷ унвон пазируфта нест.

 

Барчасп