Рӯҳонӣ: Сардор Сулаймонӣ марзбони Эрон буд
(last modified Wed, 15 Jan 2020 10:12:03 GMT )
Январ 15, 2020 15:12 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Сардор Сулаймонӣ марзбони Эрон буд

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт: Сардор сипаҳбуд шаҳид Қосими Сулаймонӣ, марзбони Эрон буд, аммо ҳеҷ вақт намехост байни эрониён марзе ба вуҷуд биёяд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи чоршанбе дар ҷаласаи давлати Эрон, бо ишора ба шаҳодати фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдрони инқилоби исломӣ афзуд:

Ҳам шаҳодати шаҳид Сулаймонӣ мазлумона буд ва ҷон бохтани шуморе аз ҳамватанон дар Кирмон ва ҳам аз даст рафтани шуморе аз нухбагон дар сонеҳаи суқути ҳавопаймои мусофирии украинӣ, ки дили ҳамаро оташ зад ва мардумро беқарор кард.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни ин, ки шаҳодати сардор Сулаймонӣ дар бахши низомӣ ҷуброн шуд ва пойгоҳи низомиёни амрикоӣ дар "Айнуласад"-и Ироқ мавриди исобати мушакҳои Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ қарор гирифт, тасреҳ кард: Як ҷуброни бузург ҳам мавриди назар аст ва он ин, ки миллатҳои минтақа талош кунанд, то Амрико аз минтақа биравад.