Январ 15, 2020 17:12 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намози ҷумъаи Теҳрон ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ

Ситоди намози ҷумъаи Теҳрон дар иттилоияе эълом кард, намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор мешавад.

Дар иттилоияи Ситоди намози ҷумъаи Теҳрон омадааст, дар остонаи солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ ва дар талиъа(сапеда)-и гоми дувуми инқилоб, намози ҷумъаи ин ҳафта ба имомати ҳазрати оятуллоҳилузмо Хоманаӣ  ва бо ҳузури пуршӯри мардуми басир ва инқилобии Эрон дар мусаллои имом Хумайнӣ (раҳ) баргузор хоҳад шуд.

Ситоди намози ҷумъаи Теҳрон эълом кард, миллати муъмин ва сарафрози Эрони исломӣ бори дигар саҳнаҳое аз ҳамбастагӣ, шукӯҳ ва азамати худро дар намози ҷумъаи ин ҳафта ба намоиш хоҳанд гузошт.