Январ 15, 2020 21:11 Asia/Dushanbe
  • “Мехостам паранда шавам”: Интишори китоби шеъри шоири тоҷик дар Теҳрон

“Нашри Солис” дар Теҳрон аввалин маҷмӯаи ашъори Шоҳмансури Шоҳмирзо, шоири тоҷикро бо хатти форсӣ мунташир кард.

Фирдавси Аъзам, шоири ҷавони тоҷик дар сафҳаи фейсбукии худ дар ин бора хабар дода навиштааст, дар ин баёзи кучак ғазалҳои шоир фароҳам омадаанд.

Фирдавси Аъзам тавзеҳи худ дар бораи ин китобро чунин нигоштааст: “Муҳтавои ин ғазалҳо аксаран набарди нарм ва гоҳ шадиди ғаму шодӣ, хандаву ашк ва сиёҳиву сапедист, ки ба пиндори гӯянда ин ду мафҳум ҳамеша дунболи ҳам будаанд ва ҳеч кадом пояндаву абадӣ нест. Ҳарчанд дар нигоҳи аввал дар ин сурудаҳо ҳузну ғам пирӯз ба назар менамояд ва як ғаме амиқ дар дили гӯяндаи он нуҳуфта аст, вале кунҳу умқи сарводаҳо бо чирагии суруру шодӣ ба поён мерасад”.

Фирдавси Аъзам ҷуғрофиёи шеъри Шоҳмансури Шоҳмирзоро фарогир унвон карда навиштааст: “Ҷуғрофиёи шеъри ӯ аз кӯҳи Мевағули Хуҷанд ва дарёи Зарафшону Варзоб дар кишвараш то Ҳироту Балху Бомиён ва гулгашту хиёбонҳои Теҳрону Шерозро фаро мегирад ва ҳама ҷо паёми оштӣ бар лаб дорад:

Динам ишқ аст, намояндаи ҳар ойинам... Дар муаррифии китоб хонандагони азизро ҳамин бас”.

Гуфтанист “Нашри Солис” дар соли равони хуршедӣ ва соли гузаштаи мелодӣ “Боғи шафтолу” – маҷмӯаи ҳикояҳои ин нависандаро низ мунташир карда буд.

 

Динам ишқ аст! намояндаи ҳар ойинам

Ки Худоро ҳама ҷо, дар ҳама кас мебинам!

Сухан аз ранг магӯ, мазҳаби ман берангист

Гарчӣ дар дидаи кӯтаҳназаре рангинам...

Домани рӯҳи ман аз боғи Худо окандаст

Инчунин аст, ки дар хок ҳам атрогинам

Ишқ омезае аз оштии боварҳост

Ман ба ҳамбастагии сангу сабӯ хушбинам

Ошнои ҳамаам, рӯҳи ман аз хуршед аст

Душмани арбадаву хашму фиребу кинам

Эй шумое, ки дар оташкадаи ғамҳоед!

Ҳар дам аз ин ҳама андӯҳи шумо ғамгинам

Интиҳои ғазалам, ҳарфи ҳисобам ин аст:

Ошиқи сулҳу сафо! зидди туфангу минам!

 

Барчасп