Январ 16, 2020 19:41 Asia/Dushanbe
  • Сарлашкар Боқирӣ: Ҷумҳурии Исломии Эрон алоқае ба тавсеаи таниш надорад

Раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, Эрон алоқае ба тавсеаи таниш надорад, вале ҳар иқдоми ғайри ақлонӣ ва таҷовузкоронаро ба шиддат посух хоҳад дод.

Сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нирӯҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи панҷшанбе дар тамоси телефонии генерал Ҳулуси Акар (Hulusi Akar), вазири дифои Туркия афзуд, террори сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ тавассути Амрико, иқдоме ноҷавонмардона, ғайри инсонӣ, ғайри ахлоқӣ ва бар хилофи ҳамаи завобити ҳуқуқӣ ва байналмилалӣ буд ва ин иқдоми амрикоиҳо ва соири иқдомоти онҳо дар ҳамла ба марокизи нирӯибасиҷи мардумии Ироқ ва ё бархе пойгоҳҳо дар Сурия, мабдаи даври ҷадиде аз таниш дар минтақа шуд.

Боқирӣ тасреҳ кард, амрикоиҳо дар ҳоле, ки худашон бо террори сардор Сулаймонӣ ва ҳамроҳонаш минтақаро дар остонаи як даргирии густурда қарор дода буданд, паёмҳое барои ҷилавгирӣ аз афзоиши таниш медоданд,аммо Ҷумҳурии Исломии Эрон бо амалиёти мутақобил зидди пойгоҳи низомии амрикоии Айн Ал Асад, иродаи қатъӣ барои дифо аз ҳуқуқи худро нишон дод ва собит кард, агар шароратҳои Амрико идома ёбад, посухҳои сангинтаре дарёфт хоҳад кард.

Сарлашкар Боқирӣ ибрози умедворӣ кард, бо хурӯҷи Амрико аз минтақа, решаи ҳамаи беназмиҳо ва кишмакишҳо хушк шавад.

Ҳулуси Акар низ бо таслияти шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ба давлат, миллат ва нирӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, пас аз террори Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, ҳаводиси пайдарпай ва ҳассосе дар минтақа иттифоқ афтод, ки метавонад ба шиддат нигаронкунанда бошад.

Вазири дифои Туркия бо ишора ба равобити дӯстона ва бародаронаи Эрон ва Туркия афзуд, ҳифзи субот ва оромиш ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст ва барои ҳифзи субот ва амният минтақа, набояд иҷоза дод террористҳо аз фурсати афзоиши танишҳо сӯиистифода кунад.