Январ 17, 2020 14:10 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури густурдаи мардуми Теҳрон барои ширкат дар намози ҷумъа

Дар ҳоле ки чанд соат то баргузории намози ҷумъаи Теҳрон ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ боқӣ мондааст, мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ) бо истиқболи густурдаи мардум рӯ ба рӯ шудааст.

Аз нахустин соатҳои бомдоди имрӯз мардуми Теҳрон дар мусаллои Имом Хумайнӣ (раҳ), макони баргузории намози ҷумъа ҳозир шудаанд ва ҳар лаҳза бар ҷамъияти онон низ афзуда мешавад.

Ҳузуру шавқи ҷавонон ва навҷавонон барои ширкат дар намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон ба имомати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ сутуданӣ аст.

Хутбаҳои намози ҷумъаи Теҳрон то сооте дигар аз сӯи ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эрод ва пас аз он намози ҷумъа ба имомати эшон иқома хоҳад шуд.

 

Барчасп