Январ 17, 2020 20:21 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии мардуми Эрон дар ҳимоят аз иқтидори низоми ҷумҳурии исломӣ

Роҳпаймоии густурдаи мардуми Эрон дар ҳимоят аз иқтидор ва салобати низоми ҷумҳурии исломӣ дар баробари Амрико пас аз иқомаи намози ҷумъа дар саросари кишвар баргузор шуд.

Миллионҳо нафар аз мардуми Эрон дар шаҳрҳои мухталиф пас аз иқомаи намози ҷумъа бо баргузории роҳпаймоӣ, зимни маҳкум кардани ҷиноятҳои мукаррари давлати Амрико ва дахолати Англия дар умури дохилии Эрон, ҳимояти худро аз низоми ҷумҳурии исломӣ ва Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом карданд.

Мардуми Эрон пас аз ин роҳпаймоӣ бо судури қатъномае иллати аслии душманиҳои Амрико ва Англия бо низоми ҷумҳурии исломӣ ва мардуми Эронро поёни мудохила ва султаи он кишварҳо бар Эрон унвон карданд.

Мардуми Эрон дар ин қатънома таъкид карданд, Эрон ба марҳалае аз истиқлол, боландагӣ ва иқтидор расида, ки илова бар радди мутлақи султа ва султапазирӣ, бо набарди муқтадирона ҳамзамон дар арсаҳои гуногуни сиёсӣ, расонаӣ, иқтисодӣ ва низомӣ бо истикбори ҷаҳонӣ, муҳкамтарин зарботро ба душманон ворид карда ва убуҳати пӯшоли (ҳубоб, сабук) - и Амрика, Англия, режими саҳюнистӣ ва муттаҳидонашонро шикаста аст.

Дар ин қатънома, тавқифи киштии англисӣ, сарнагун кардани паҳподи ҷосусии Амрико ва мушакборони муҳимтарин пойгоҳи Амрико дар Ироқ ба унвони бахше аз ифтихороти иззатофарини Эрон дар муқобила бо истикбор ёд шудааст.