Январ 18, 2020 11:24 Asia/Dushanbe
  • Идомаи имдодрасонии ҳавоӣ ба селзадагони Систон ва Балучистон

Имдодрасонии ҳавоии Ҳилоли Аҳмар ба минтақаи селзадаи ҷунуби Систон ва Балучистон ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо , мудиромили Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Систон ва Балучистон гуфт ; то кунун ба беш аз 52 ҳазор нафар дар минтақаҳои селзадаи ҷануби Систон ва  Балучистон имдодрасонии ҳавоӣ шудааст. Расул Рошикӣ гуфт ; дар ҳоли ҳозир ду фарванди болгарди Ҳилоли Аҳмар дар ҳоли имдодрасонии ҳавоӣ аст ва то кунун 70 сурати парвоз ( парвози рафт ва баргашт ) барои амалиёти наҷот ва ҷустуҷу ва тавзеи ақломи имдодӣ дар минтақаҳои осебдида анҷом шудааст.

Вай ҳамчунин аз хидматрасонӣ ба мардуми селзада дар 386 рӯсто бо талоши 495 гурӯҳи имдодгар ба ҳамроҳи 327 худрави амалиётии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари устон хабар дод. Вай гуфт ; 11 ҳазору769 хонаводаи осеб дида дар селоби ахир имдодрасонӣ шудаанд ва аз ин теъдод ҳазору 371 хонавода дар ҳазору331 чодари имдоди  искони изтирорӣ дода шудаанд.

Барчасп