Январ 18, 2020 13:02 Asia/Dushanbe
  • Ихтисоси 100 миллиард туман ба минтақаҳи селзадаи Систон ва Балучистон

Сухангуи давлат дар ҳошияи боздид аз минтақаҳои селзадаи ҷунуби Систон ва Балучистон гуфт ; қарор аст барои бозсозии хонаҳо ва касбукорҳои хурди мардум дар рӯстоҳои селзадаи ин устон 100 миллиард туман ихтисос ёбад.

Б агузориши Садо ва симо , Алии Рабиӣ гуфт ; ин мизон тасҳилот бо мушорикати сандуқи корофаринии Умед ва сандуқи Тавсиъаи милли дар ин минтақа пардохт хоҳад шуд.

 Ҳамчунин чорумин маҳмулаи кумакрасонии артиш ба минтақаҳои селзадаи Систон ва Балучистон ирсол шуд. Ин маҳмулаи кумакӣ шомили ақломи зистӣ,беҳдоштӣ,дармонӣ ва ғазоӣ аст.

Фармондеҳи пойгоҳи даҳуми шикории Канорак бо ишора ба масдуд ё тулони будани роҳҳои иртиботӣ ва тасриъ дар кумакрасонӣ ба мардуми минтақаи селзадаи ҷунуби устон гуфт ; аз ибтидои селоб як пули ҳавоӣ миёни Теҳрон ва пойгоҳи шикории бародарони шаҳид Диоҳомид дар Канорак барқарор шуда ва кумакрасонии ҳавоӣ дар ҳоли анҷом аст. Амир Ҷаъфарӣ афзуд ; то кунун беш аз 200 тан кумакҳои аввалия ба минтақаҳои селзадаи устон ирсол шудааст.

Қароргоҳи Қудси нерӯи заминии Сипоҳ ҳам дар ҳоли хидматрасони ва имдодрасонии ҳавоӣ ба селзадагон аст. Сардор Моронӣ гуфт ; ин хадамот шомили ҷобаҷоии беморон , эъзоми тимҳои пизишкӣ ва имдодӣ ба рӯстоҳо, ирсоли кумакҳои имдодӣ ва маишатӣ,ирсоли нефт ва сухт ба минтақаҳои саъбулубур ,ки ба далели туғёни рӯдхона фоқиди масири дастрасӣ ва барқи шаҳрӣ аст.

Барчасп