Январ 19, 2020 14:12 Asia/Dushanbe
  • Рутбаи чаҳоруми Эрон дар технологии нанои ҷаҳон

Раиси Анҷумани нанотехнологии пизишкии Эрон аз рутбаи чаҳоруми ҷумҳурии исломӣ дар технологии нанои ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Маҳдии Ризоят раиси Анҷумани нанотехнологии пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории Садо ва симо гуфт, Эрон барои севвумин соли паёпай тавонист рутбаи чаҳоруми худро дар технологии нанои ҷаҳон ҳифз кунад.

Ризоят афзуд, 220 ширкати дониш бунёни эронӣ дар заминаи технологии нано фаол ҳастанд.

Саид Саркор дабири Ситоди тавсеаи  нанотехнологии Эрон низ чанде пеш гуфт, маҳсулоти технологии нанои Эрон ба 45 кишвари ҷаҳон содир мешавад.

Нанотехнологӣ риштае аз дониши муҳандисӣ ва технологӣ аст, ки ба баррасии мавод дар андозаи нано (1 то 100 нанометр) мепардозад.

Барои мушоҳидаи зарраҳо дар андозаҳои нано бояд аз микроскопҳои махсус ва фавқи ҳирфаӣ истифода шавад.

Барчасп