Январ 19, 2020 21:32 Asia/Dushanbe
  • Намояндагони Маҷлиси Эрон: Иқдоми барҷомии аврупоиҳо нишонаи таҳқири онон тавассути Амрикост

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон иқдоми Олмон, Англия ва Фаронса дар фаъол кардани механизми ҳалли ихтилоф дар БАРҶОМ-ро нишондиҳандаи таҳқири ин кишварҳо тавассути давлати террористии Амрико унвон кард.

Олмон, Англия ва Фаронса сешанбеи гузашта (14 январ) бо интишори баёнияе дар Брюссел, механизми ҳалли ихтилоф дар БАРҶОМ-ро фаъол карданд.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон, рӯзи якшанбе, бо судури баёнияе эълом карданд: Фаъол кардани механизми ҳалли мушкимлот дар БАРҶОМ тавассути кишварҳои аврупоӣ мушаххас кард, мушкили онҳо тарафи эронӣ нест, балки мушкил, табаияти таҳқиромези онҳо аз Амрикост.

Намояндагони Маҷлиси Шӯрои исломии Эрон таъкид карданд:

Дар заминаи БАРҶОМ ва ҳамчунин дар мавриди мондан ва ҳамкорӣ бо Агентии байналмилалии энергия атомӣ тасмим хоҳанд гирифт, то ба ғарбиҳо ва мушаххасан, кишварҳои тарафи музокира  дар баҳси ҳастаӣ фаҳмонда шавад, низоми Ҷумҳурии исломии Эрон дар гирифтани тасмимоти қотеъ ва инқилобӣ диранг нахоҳад кард.

 

Барчасп