Мусавӣ: Тавофуқи хаёлии Трамп бо Эрон намоиши таваҳҳумот аст
(last modified 2020-01-23T15:31:56+00:00 )
Январ 23, 2020 20:31 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Тавофуқи хаёлии Трамп бо Эрон намоиши таваҳҳумот аст

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба изҳороти раиси "Гурӯҳи иқдоми Эрон" дар вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид кард, тавофуқи хаёлии раисиҷумҳури Амрико бо Эрон, намоиши таваҳҳумот аст.

Брайан Ҳук, раиси "Гурӯҳи иқдоми Эрон" дар вазорати хориҷаи Амрико имрӯз дар гуфтугӯ бо “Ал Шарқ ал-Авст”, бо ишора ба пешниҳоди Борис Ҷонсон, нахуствазири Англия дар хусуси расидан ба як тавофуқи ҷадид бо Эрон ба ҷои БарҶОМ, ки онро «тавофуқи Трамп» номида буд, адами ғанисозии уран дар Эрон, поёни озмоишҳои мушакӣ, таваққуфи ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз гурӯҳҳои минтақаӣ ва поёни ба истилоҳ сиёсати гаравгонгириро ба унвони чаҳор меҳвари ин тавофуқ унвон кард.

Нахуствазири Англия пештар гуфта буд: “Тавофуқи БарҶОМ бояд бо тавофуқи Трамп ҷойгузин шавад”.

Сайидаббоси Мусавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷшанбе дар сафҳаи шахсии худ дар “Твиттер” навишт: “Рӯнамоии Брайан Ҳук, раиси "Гурӯҳи иқдоми Эрон" аз ба истилоҳ "тавофуқи Трамп", сирфан намоиши таваҳҳумоти дерпои онҳост, ки нашъат гирифта аз такаббури ниҳодина шуда ва ҳиси худбузургбинӣ аст”.

Мусавӣ афзуд, Ҳук хуб аст аз мушовирони форсизабони худ бихоҳад дар бораи "ҳикояти гандуми Рай ва хурмои Бағдод" барояш тавзеҳ диҳанд.

Зарбулмасали "ҳам аз гандуми Рай ҷо монда ҳам аз хурмои Бағдод" ба ин мафҳум аст, ки агар инсон зиёдаравиро дар зиндагӣ пеша кунад ба ҳеҷ ҷое намерасад.

Амрико баъд аз хурӯҷи ғайриқонунӣ аз БарҶОМ корзори ҳамаҷониба барои эъмоли фишор алайҳи Эрон ба роҳ андохтааст. Вашингтон эълом кардааст, ҳадаф аз «корзори фишори ҳаддиаксарӣ» алайҳи Эрон, расидан ба тавофуқи ҷадид бо Теҳрон аст, ки дар он ба ҳамаи масоили мавриди назари Амрико пардохта шавад.

 

Барчасп