Январ 26, 2020 19:02 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазирони хориҷаи Эрон ва Уммон

Вазирони умури хориҷаи Эрон ва Уммон бар иродаи давлатҳои ду кишвар ва тадовуми ҳамкорӣ таъкид карданд.

Ба гузорриши ИСНА, Юсуф бин Алавӣ, вазири умури хориҷаи Уммон имрӯз якшанбе дар роҳ и бозгашт аз иҷлоси Давоси Швейтсария, дар таваққуфе кӯтоҳ дар Теҳрон, бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дидор кард ва ду тараф дар бораи тазмини эминии дарёнавардӣ ва амнияти энергетикӣ барои ҳамаи кишварҳо ройзанӣ карданд.

Равобити дуҷониба ва минтақавӣ, бавижа ҳамкории Эрон ва Уммон дар тангаи Ҳурмуз, аз дигар меҳварҳои ройзании Зариф ва Бин Алавӣ буд.

Ин чорумин дидори вазирони умури хориҷаи Уммон ива Эрон дар ҳудуди як моҳи ахир аст.

 

Барчасп