Январ 28, 2020 18:28 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Таваҳҳуми «муомилаи қарн» аз пеш шикаст хӯрдааст

Вазири умури хориҷии Эрон дар паёми твиттерие навишт, тарроҳони тарҳи саршор аз таваҳҳуми «муомилаи қарн»  пешниҳоди оятуллоҳ Хоманаиро бипазиранд.

Зариф дар паёми твиттерие хитоб ба раисҷумҳури Амрико ва мақомоти Кохи Сафед навишт: «Ба ҷойи ироаи тарҳи саршор аз таваҳҳуми «муомилаи қарн», ки маҳкум ба шикаст аст, барои ҳаводорони худхондаи демократия хеле беҳтар хоҳад буд, агар роҳҳали демократии Эронро, ки оятуллоҳ Хоманаӣ пешниҳод додааст, бипазиранд”. Зариф дар ин паём дар бораи тарҳи оятуллоҳ Хоманаӣ барои ҳалли муъзали Фаластин навиштааст: “Мазмуни ин тарҳ баргузории ҳамапурсӣ аст, ки ҳама гурӯҳҳои фаластинӣ, шомили мусалмонон, яҳудиён ва масеҳиён дар он ширкат дошта бошанд ва худашон барои оянда тасмимгирӣ кунанд”.

 

Барчасп