Январ 29, 2020 21:02 Asia/Dushanbe
  • Эъзоми тими миллии бокси Эрон ба Тоҷикистон

Тими миллии бокси Эрон барои ширкат дар урдуи тадорукотии муштарак роҳии Тоҷикистон мешавад.

Ин урдуи тадорукотӣ ба мизбонии Тоҷикистон аз таърихи 16 то 22 баҳман (5 то 12 феврал) баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, Федератсияи бокси Эрон бо Федератсияи бокси Тоҷикистон мукотиба кардааст ва қарор аст натиҷаи ниҳоӣ ба зудӣ эълом шавад.

Ҳамчунин Федератсияи бокси Эрон мукотиботи лозимро барои ҳузур дар Тоҷикистон бо Шӯрои бурунмарзӣ ва Вазорати варзиш ва ҷавонон анҷом дода ва ризояти шифоҳиро дарёфт карданд.

Пас аз ба таъхир афтодани рақобатҳои интихобии олимпии 2020-и Токио тими миллии бокси Эрон то таърихи 16 исфанд (6 март) фурсати омодасозии бештаре хоҳад дошт.