Январ 31, 2020 17:48 Asia/Dushanbe
  • Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон: “Муомилаи қарн” қатъан бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо маҳкум кардани тарҳи амрикоии “Муомилаи қарн” гуфт, “Муомилаи қарн” қатъан бо шикаст мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шомгоҳи сешанбе ба ҳамроҳи нахуствазири режими саҳюнистӣ аз тарҳи нажодпарастонаи “Муомилаи қарн” рӯнамоӣ кард.

Ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ, вогузории 30 дарсад аз Каронаи бохтарӣ ба режими Исроил, мухолифат бо бозгашти оворагони фаластинӣ ба кишварашон ва халъи силоҳи комили Фаластин аз муҳимтарин мавзӯоти ин тарҳи нангин аст.

Оятуллоҳ Муҳаммадалӣ Муваҳҳидии Кирмонӣ дар хутбаҳои намози ҷумъаи ин ҳафтаи Теҳрон бо баёни ин ки тарҳи “Муомилаи қарн” дар асл расвоии қарн, зиллати қарн ва хиёнати қарн аст, афзуд: “Муомилаи қарн” ҳосили хиёнати бархе аз давлатҳои арабӣ аст, аммо ҳеҷ тавтеа ва хиёнате наметавонад ҳуқуқи мардуми Фаластинро поймол кунад.

Оятуллоҳ Муваҳҳидии Кирмонӣ бо баёни ин ки озодихоҳони ҷаҳон тавтеаи “Муомилаи қарн” -ро маҳкум кардаанд, гуфт, муқовимат камари Амрикоро хоҳад шикаст ва Фаластин озод хоҳад шуд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба ин ки душманон ба дунболи халъи силоҳи муқовимат ҳастанд, изҳор дошт, амрикоиҳо ин орзӯро ба гӯр хоҳанд бурд.

Намозгузорони теҳронӣ низ бо сар додани шиорҳое тарҳи зиддифаластинии “Муомилаи қарн” -ро маҳкум ва ҳимояти худро аз мардуми Фаластин эълом карданд.

 

Барчасп