Январ 31, 2020 18:14 Asia/Dushanbe
  • Мусавӣ: Таҳрими раиси Созмони энержии атомии Эрон нишонаи бечорагии Амрикост

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани иқдоми Амрико дар таҳрими раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт, таҳрими шахсиятҳо ҳеҷ таъсире бар пешрафти барномаҳои сулҳомези ҳастаии Эрон надорад.

Вазорати хазонадории Амрико дар идомаи сиёсати шикастхӯрда ва ғайриқонунии худ, Созмони энержии атомии Эрон ва Алиакбари Солеҳӣ, раиси онро таҳрим кард.

Сайид Аббоси Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи ҷумъа таҳрими раиси Созмони энержии атомии Эронро нишонаи бечорагии Амрико донист ва таъкид кард, Алиакбари Солеҳӣ шахсияти барҷастаи илмӣ ва сиёсии кишвар аст ва таҳрими вай ҳеҷ таъсире бар пешрафти барномаҳои ҳастаии сулҳомези Ҷумҳурии Исломии Эрон нахоҳад дошт.

Мусавӣ бо баёни ин ки барои бори аввал нест, ки раиси Созмони энержии атомии Эрон дар феҳристи таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонунӣ қарор мегирад, гуфт, донишмандони ҳастаии Эрон пештар низ ҳадафи кинатӯзиҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ қарор гирифта буданд.

Мусавӣ гуфт, мақомоти режими Амрико барои инҳирофи афкори умумӣ аз таҳаввулоти дохилии бархоста аз истезоҳи Трамп ва низ шикасти зудҳангоми тарҳи ба истилоҳ “Муомилаи қарн” чунин таҳаррукоти пучеро алайҳи миллати Эрон дар дастури кори худ қарор додаанд.

 

 

Барчасп