Феврал 01, 2020 17:13 Asia/Dushanbe
  • 12 баҳман; оғози даҳаи Фаҷри инқилоби исломӣ

Имрӯз шанбе 12 баҳман (1 феврал) оғози даҳаи мубораки Фаҷри инқилои исломии Эрон аст.

41 сол пеш дар чунин рӯзе, ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии исломии Эрон пас аз чаҳорда сол дӯрӣ ва табъид аз ватан, дар миёни истиқболи пуршӯри мардум, қадам ба хоки Эрони исломӣ гузоштанд ва ин рӯз ба яке аз мондагортарин рӯзҳои таърихи муосири Эрон табдил ёфт.

12 баҳман нуқтаи атфе дар муборизаҳои миллати Эрон бо режим буд ва дар фосилаи даҳ рӯз инқилоби миллати Эрон бо вуҷуди ҳимоятҳои Амрико аз режими шоҳ, ба пирӯзӣ расид.

Имом Хумайнӣ (раҳ) дар ҳамон лаҳзаи бозгашт ба Эрон тайи суханоне дар фурудгоҳи Меҳробод; рамзи пирӯзии миллати Эронро дар ваҳдати калима донистанд ва фармуданд, мо бояд аз ҳамаи табақаҳои миллат ташаккур кунем, ки ин пирӯзӣ то инҷо ба воситаи ваҳдати калима будааст. Ваҳдати калимаи муслимин ҳама ваҳдати калимаи ақаллиятҳои мазҳабӣ бо муслимин, ваҳдати донишгоҳ ва мадрасаҳои илмӣ, ваҳдати руҳонӣ ва ҷиноҳи сиёсӣ. Мо бояд ҳама ин рамзро бифаҳмем, ки ваҳдати калима рамзи пирӯзӣ аст ва ин рамзи пирӯзиро аз даст надиҳем.

Акнун чиҳилу як сол аз пирӯзии инқилоби исломӣ мегузарад. Амрико дар тамоми солҳои пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ пайваста талош кард бо тавтеа ва ҳимоят аз зидди инқилоб ва унсурҳои вобаста ба режими сарнагуншуда, Ҷумҳурии исломии Эронро аз дарун дучори заъф ва фурупошӣ кунад.  Миллати Эрон, аммо рӯзҳои ҳассос ва сарнавиштсоз ҳамчун даврони сахти ҷанги таҳмилиро бо пирӯзӣ ва ғалаба ба тавтеаҳои душманон пушти сар гузоштааст. Дар воқеъ Амрико дар ҳамаи ин солҳо ҳар чи дар тавон дошт барои зарба задан ба инқилоб ва ба зону даровардани миллати Эрон анҷом дод, ки ин тавтеаҳо ба ҷое нарасид. Дар ин ҷараёни таърихӣ се унсури муҳим нақш доштааст.

Унсури нахуст; сабр ва истодагии мардуми Эрон дар баробари тавтеаҳо аст.

Миллати Эрон бо якпорчагӣ ва ваҳдати калима рӯзҳои бузургро дар таърихи инқилоби исломӣ рақам задааст. Истимрори ин вижагӣ ҳамвора душманонро ба ҳошия ронда ва таҳдидҳоро ба фурсатҳои асаргузор дар ҷиҳати тақвияти инсиҷом ва иқтидори миллат табдил кардааст.

Унсури дуввум; қудрати нарми низоми ҷумҳурии исломӣ аст, ки монеъ аз дастёбии душманон ба ҳадафҳояшон шудааст.

Унсури севвум; душманшиносии миллати Эрон аст.

Миллати Эрон дар бурҳаҳои ҳассос бо ҳушёрӣ дар душманшиносӣ ҳамвора нишон дода, ки ҳаргиз ба душман иҷозаи расидан ба ҳадафҳояшро намедиҳад.

Ин шохисҳо бахше аз далелҳои мондагорӣ ва пуёии иниқлоби исломӣ аст, ки ба рағми ҳамаи тавтеаҳо ва террорҳо ва таҳримҳои Амрико истимрор ёфта ва муҷиби афзоиши иззат ва иқтидори миллати Эрон дар арсаҳои минтақаӣ ва байналмиллалӣ шудааст.

Дар ҳақиқат инқилоби исломӣ ва низоми бархоста аз он ба рағми ҳамаи мушкилот, дар 41 соли гузашта рӯз ба рӯз мустаҳкамтар ва решадортар шуда ва пас аз ин низ ингуна хоҳад буд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ раҳбари муаззами инқилоб; яксол пеш ва дар остонаи вуруди низоми ҷумҳурии исломӣ ба даҳаи панҷуми ҳаёти инқилоби исломӣ баёнияи муҳими гоми дуввуми инқилобро содир карданд. Дар бахше аз ин баёния тасреҳ шудааст, низоми ҷумҳурии исломӣ инак вориди дуввумин марҳилаи худсозӣ ва ҷомеапардозӣ ва тамаддунсозӣ шудааст.

Баёнияи гоми дуввуми инқилоб роҳбурде барои вуруд ба дуввумин марҳилаи худсозӣ ва ҷомеапардозӣ ва тамаддунсозӣ аст, ки фасли нави зиндагии ҷумҳурии исломиро рақам хоҳад зад.

Дар ин фасли нав, на танҳо чизе аз арзишҳо ва ормонҳои инқилоб кам нахоҳад шуд, балки миллати Эрон бо нишон ва бо азме росих мусаммам ба пайгирии ҳадафҳои арзишманд ва ормонҳои инқилоби исломӣ аст.