Феврал 03, 2020 11:42 Asia/Dushanbe
  • Арабистон аз мушорикати Эрон дар нишасти Ҷадда пешгирӣ кард

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, давлати Арабистон аз мушорикати ҳайати Ҷумҳурии исломии Эрон дар нишасти баррасии тарҳи Муомилаи қарн дар Нишасти Созмони ҳамкории исломӣ дар Ҷадда пешгирӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; саид Аббоси Мусавӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи якшанбе дар вокуниш ба иқдоми режими Арабистон дар мумониат аз мушорикати ҳайати эронӣ дар нишасти баррасии тарҳи Муомилаи қарн афзуд, бо ин ки дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ аз Эрон ба унвони яке аз аъзои фаоли ин созмон барои ширкат дар нишасти Ҷадда даъват карда буд, аммо Арабистон, ки мизбонии дабирхонаи Созмони ҳамкории исломиро баруҳда дорад, тааҳудоти сареҳи давлати мизбонро поймол ва аз эътои вижа ба ҳайати Эрон худдорӣ кард.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард, раванди пешгирӣ аз сафари ҳайатҳои намояндагии бархе кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ аз ҷумла Эрон дар нишастҳои ин созмон дар Ҷадда дар моҳҳои гузашта аз сӯи Арабистон ташдид шудааст.

Мусавӣ таъкид кард, Вазорати умури хориҷаи Эрон зимни ирсоли ёддошти эътирози расмӣ ба дабирхонаи  Созмони ҳамкории исломӣ, ки матни он миёни аъзои созмон ҳам тавзеъ хоҳад шуд, бо ишора ба сӯистифодаи Арабистон аз мизбонии Созмони ҳамкории исломӣ  эълом карда шойистагии режими Оли Сауд барои идомаи мизбонии ин созмон мавриди тардиди ҷиддӣ қарор гирифтааст.

Ба дунболи рӯнамоии тарҳи саҳюнистӣ мавсум ба Муомилаи қарн аз сӯи Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико ба пешниҳоди Ташкилоти худгардони Фаластин ва даъвати дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ  қарор шуд нишасти фавқулодаи Кумитаи иҷроии ин созмон дар сатҳи вазирони умури хориҷаи кишварҳои узв Душанбе севвуми феврал  дар дабирхонаи ин созмон дар Ҷаддаи Арабистон баргузор шавад.

 

Барчасп