Мевае, ки баданро муқобили “корона” тақвият мекунад...
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i50588-Мевае_ки_баданро_муқобили_корона_тақвият_мекунад...
Узви ҳайати илмии Донишгоҳ улуми пизишкии Язд гуфт, челони ҷӯшонидашуда нақши муассире дар пешгирӣ аз ибтило ба зуком ва “корона” ифо мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 04, 2020 16:05 Asia/Dushanbe
  • Мевае, ки баданро муқобили “корона” тақвият мекунад...

Узви ҳайати илмии Донишгоҳ улуми пизишкии Язд гуфт, челони ҷӯшонидашуда нақши муассире дар пешгирӣ аз ибтило ба зуком ва “корона” ифо мекунад.

Ба гузориши ИСНА, Сайидкозими Козимайнӣ, устоди Донишгоҳи улуми пизишкии Язд гуфт, челон мевае бо хавоси доруии қобили таваҷҷуҳ аст ва бо тақвияти эминии бадан метавонад дар пешгирӣ аз зуком ва “корона” нақши муассире ифо кунад. Вай афзуд, челони ҷӯшонидашуда, ки ба мизони 50 грам дар як литр об таҳия мешавад, шарбати хубе барои сармохӯрдагӣ, монанди мушкилоти сина ва танаффусӣ буда, бавижа дар хушунату гирифтагии садо ва сурфа низ бисёр муассир аст.

Челон яке аз меваҳои пурмасраф дар байни мардум аз замонҳои гузашта то кунун будааст, ки умдатан хавоси онро дар дармони сармохӯрдагӣ, хунсозӣ ва тасфияи хун зикр кардаанд.